Зарурати ошноии бештари русҳо бо фарҳанги Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i9961
Коршиноси масоили сиёсӣ ва фаъоли расонаии Русия бар зарурати ошноии бештари русҳо бо фарҳанги Тоҷикистон таъкид кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Декабр 18, 2016 10:29 Asia/Dushanbe
  • Зарурати ошноии бештари русҳо бо фарҳанги Тоҷикистон

Коршиноси масоили сиёсӣ ва фаъоли расонаии Русия бар зарурати ошноии бештари русҳо бо фарҳанги Тоҷикистон таъкид кард.

    Ба гузориши сойти Азия Плюс, Максим Шевченко пас аз ҳузур дар “Шоми фарҳанги Тоҷикистон” дар Маскав гуфтааст, ки агар барномаҳои ҳунарии дуҷониба бештар баргузор гардад, ба нафъи мардумони ҳар ду кишвар хоҳад буд.

    Вай таъкид кардааст, ки тоҷикон дорои адабиёт ва фарҳанги ғанӣ мебошанд, ки ҷузъе аз тамаддуни Эрон замин аст ва ҷои таассуф дорад, ки насли ҷавони Русия аз ин ганҷинаи арзишманд камтар огоҳ мебошад. Аз дидгоҳи ин таҳлилгари рус, “Шоми фарҳанги Тоҷикистон”, ки ахиран дар Хонаи адибони шаҳри Маскав баргузор гардид ва шомили барномаҳои ошноӣ бо намоишгоҳи осори тасвирӣ ва мусиқии ҳунармандони ин кишвар мешуд, бори дигар зарурати таваҷҷӯҳ ба тамаддуни мардум ва кишвари Тоҷикистонро матраҳ кард.

    Шоми фарҳанги Тоҷикистон  дар Маскав бо ҳузури Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон, гурӯҳи мусиқии “Шамс” ва намунае аз осори тасвирии наққошони тоҷик баргузор гардид.