Март 14, 2023 15:35 Asia/Dushanbe
  • Мақомоти Тоҷикистон аз занон хостанд ба сабки тоҷикӣ либос бипушанд

Дастуруламали Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба занон тавсия мекунад, ки аз пушидани либосҳои бараҳнаи аврупоӣ, доманҳои кӯтоҳ, гиребонбоз, топ ва либосҳои нозуки баданнамо худдорӣ кунанд .

Ба гузориши хабаргузории Фаронса ба нақл аз хабаргузории расмии Тоҷикистон « Ховар » эълом кард : Мақомоти Тоҷикистон ба манзури мубориза бо нуфӯзи Ғарб ва исломи радикалӣ бар сабки пӯшиш дар ин кишвари дунявии бо аксарияти мусулмон, аз занони ин ҷумҳурии собиқи Иттиҳоди ҷамоҳири Шуравӣ дар Осиёи Миёна хостанд « ба сабки тоҷикӣ » либос бипушанд .
Пуиши « ба сабки тоҷик либос бипушем », ки аввали март ба роҳ афтод ва бар асоси дастуруламали давлатӣ аст, ки ба занон як ришта қоидаҳои пӯшиши миллиро тавсия мекунад, то 30 моҳ ҷараён хоҳад дошт.
Хабаргузории Ховар афзуд ҳадаф аз ин кор коҳиши шиддати нуфузи либосҳову фарҳанги ғарбӣ ба Тоҷикистон ва муҳофизат аз фарҳанги миллӣ ва эътибори кишвар дар фазои ҷаҳонӣ шудааст .
Дастуруламали Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ҳамчунин ба занон тавсия мекунад, ки аз пушидани либосҳои бараҳнаи аврупоӣ, доманҳои кӯтоҳ, гиребонбоз, топ ва либосҳои нозуки баданнамо худдорӣ кунанд . Хабаргузории Ховар меафзояд риояти ин дастӯруламал роҳро бар азхудбегонагӣ мебандад ва имкони тарвиҷи либоси миллии модернро фароҳам мекунад.
Тоҷикистон аз соли 1992 тавассути Эмомалӣ Раҳмон идора мешавад, ки унвони « Бунёнгузори сулҳу ваҳдати миллӣ » ва « Пешвои миллат »и тоҷиконро низ дорад .
Раҳмон пеш аз ин поён додан ба мазоҳири шармовари фарҳанги бегона ва тарвиҷи бештари пӯшиши миллӣ барои духтарону занонро хостор шуда буд.

 

Барчасп