Март 21, 2023 21:45 Asia/Dushanbe
  • Ҷашни наврӯзи соли 1402 дар сафорати Эрон дар Тоҷикистон
    Ҷашни наврӯзи соли 1402 дар сафорати Эрон дар Тоҷикистон

Дар маҳали сафорати Эрон дар Тоҷикистон маросими ҷашни наврӯзи 1402 бо ҳузури шахсиятҳои сиёсӣ ва фарҳангии тоҷик, сафирон ва дипломатҳои кишварҳои хориҷӣ ва эрониёни муқим баргузор шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Муҳаммадтақии Собирӣ сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон дар суханони фарорасидани иди наврузи соли 1402 хуршедиро, ки бо талиъаи моҳи мубораки Рамазон, моҳи баҳори навсози ва худсозии инсон, баҳори унси бо Худо ва моҳи раҳмату мағфирати Илоҳӣ ҳамроҳ аст ба эрониён ва тоҷикон ва ҳамаи ақвоми ҳавзаи Навруз табрик гуфт.

Собирӣ бо таъкид бар ин ки бархе ҳануз паёми наврӯзро дар накарданд таъкид кард: Дар рузгоре, ки бархе ба дунболи шуълавар кардани оташи ихтилоф, ҷангу хунрези дар ҷаҳон ҳастанд ин наврӯз аст, ки рамзи тавҳидро ёдовар мешавад ва ҳамагонро ба сулҳу ҳамдили фаро мехонад то бияндешанд ба неъматҳое, ки аз ҷониби Худованди якто бар суфраи зинадаги доранд ва бидонанд, ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

Сафири Эрон бо ибрози хушҳоли аз таҳавулоти мусбат дар равобити миёни Эрон ва Тоҷикистон ва изҳори этминон нисбат ба таҳкими дусти ва бародарии ду кившари ҳамфарҳангу ҳамзабон табйин кард: Хушбахтона иқдомоти хуби дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муъаррифи Наврӯз сурат гирифта аст, вале боз ҳам ҷои эҳтимом ва талоши бештар дар муаррифии ин мероси маънавии никонамон вуҷуд дорад.