Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо мудири ҷадиди Барномаи рушди СММ
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар Душанбе бо мудири ҷадиди Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дидору гуфтугӯ кард.
Ба гузориши ОМИТ “Ховар”, дар ин дидор, ки ба муносибати 25-умин солгарди узвияти Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид баргузор шуд, Эмомалӣ Раҳмон ва хонум Протбҳа Меҳато дар бораи дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону СММ ва кумакҳои ин созмон ба ин кишвар баҳсу табодули назар карданд.
Мудири ҷадиди Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид бо ишора ба сармоягузории ин ниҳод дар 23 тарҳи иҷтимоии Тоҷикистон, аз ихтисоси кумаки 363-миллиондолларии ин созмон ба ин кишвар тайи 5 соли оянда хабар дод. Ӯ таъкид кардааст, ки Созмони Милали Муттаҳид барои иҷрои “Барнома миллии рушди роҳбурдии Тоҷикистон то соли 2030”, ибтикори ин кишвар дар заминаи “Барномаи 10-солаи об барои рушд пойдор”, беҳбуди шароити зиндагии мардуми ин ҷумҳурӣ ва рафъи оқибатҳои ҳодисаҳои табиӣ кумак хоҳад кард.
Дар ин дидор ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милал Муттаҳид дар заминаи тавсеаи роҳҳои иртиботии минтақаӣ, интиқоли энержии кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Осиёи Ҷанубӣ ва густариши равобити иқтисодию тиҷории ин ҷумҳурӣ бо хориҷ мавриди баррасӣ қарор гирифт.