Тасвирҳои диданӣ аз фестивали барф ва яхи Ҳарбин 2019
Сивупанҷумин солрӯзи фестивали байналмилалии барф ва яхи Ҳарбин дар вилояти Хэйлунцзян дар шимоли Чин дар таърихи панҷуми январи соли 2019 шурӯъ шудааст ва то поёни моҳи феврал идома хоҳад дошт. Албатта агар шароити обуҳаво мусоид бошад, фестивал то аввалҳои март низ идома пайдо мекунад.
Маросими ифтитоҳияи фестивал дар маркази намоишгоҳи байналмилалии Ҳарбин баргузор мешавад.
Фестивали барф ва яхи Ҳарбин бо барномаҳо ва саргармиҳои мутафовите, ки дорад, яке аз бузургтарин ҷозибаҳои туристии шаҳри Ҳарбин дар Чин аст ва ҳар сол туристҳои зиёдеро ба худ ҷазб мекунад. Имсол дунёи барф ва яхи Ҳарбин беш аз 600 ҳазор метри мураббаъ вусъат дорад ва бо 110 ҳазор метри мукааб ях ва 120 ҳазор метри мукааб барф сохта шудааст.
Тамоми шаҳри Ҳарбин дар фасли замистон пӯшида аз барф шуда ва табдил ба дунёи сафеди шигифтангезе мешавад ва дар воқеъ маҳди ҳунари муҷассамаҳои барфӣ ва яхӣ аст. Фестивали Ҳарбин тамошочиёни зиёдеро аз сартосари дунё таҳти таъсири муҷассамаҳои бузург ва шигифтангези барфӣ ва барномаҳои шод ва саргармкунандаи худ қарор медиҳад.