Март 20, 2019 17:33 Asia/Dushanbe

Роб Макейр сафири Англия дар Теҳрон дар паёме видеоӣ, ки дар ҳисоби корбарии худ дар Твиттер мунташир кард, фаро расидани Наврӯзро ба эрониён ва ҳамаи касоне, ки Наврӯзро ҷашн мегиранд табрик гуфт.

Сафири Англия дар Теҳрон дар ин паём зимни табрики Наврӯз эълом кард кишвараш аз ҳар фурсате барои беҳбуди равобит бо Эрон истифода мекунад.