Ҷашнвораи намоишгоҳи қавмҳо ва ашоири эронӣ дар Ҳамадон+видео
Ҷашнвора ва намоишгоҳи қавмҳо ва ашоири эронӣ бо ҳадафи ошноӣ бо одобу русум, ғизоҳо ва савғоти минтақаҳои мухталифи Эрон ба муддати панҷ рӯз (30 октябр то 4 ноябри 2019) дар Ҳамадон ғарби Эрон дар ҳоли баргузорӣ аст.
Пухти ғизоҳои маҳаллӣ ва иҷрои мусиқии ашоири эронӣ аз вилоятҳои Ҳамадон, Кирмоншоҳ, Қазвин, Озарбойҷони шарқӣ, Озарбойҷони ғарбӣ, Язд ва дигар вилоятҳо дар ҷашнвораи қавмҳо ва ашоири эронӣ ба таври зинда иҷро мешавад.
Намоишгоҳи қавмҳо ва ашоири эронӣ ҳам бо беш аз 200 ғурфа савғоти тавлидии қавмҳо ва ашоириро дар вилоятҳои мухталифи Эрон муаррифӣ мекунад.
Ҷашнвора ва намоишгоҳи қавмҳо ва ашоири эронӣ бо истиқболи густардаи мардум дар маҳалли доимии намоишгоҳҳои байналмиллалии Ҳамадон ру ба ру шудааст.