Мӯътодҳо бештар корона мегиранд
Пажӯҳишгарони амрикоӣ дар баррасии ҷадиди худ дарёфтанд, ки эҳтимоли бистарӣ шудан ва маргу мири бархоста аз КОВИД-19 дар афроде, ки эътиёд доранд бештар аст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Норо Сойнес Ниюз, пажӯҳише, ки бо будҷаи "муассисаи миллии саломат" (NIH)-и Амрико анҷом шудааст нишон медиҳад, ки афроди дучори "ихтилоли сӯимасрафи маводи мухаддир" бештар нисбат ба КОВИД-19 ва паёмадҳои он осебпазир ҳастанд.
Ин гурӯҳи пажӯҳишӣ бо баррасии парвандаи электиронии 73 миллион бемор дар Амрико дарёфтанд, ки эҳтимоли ибтило ба КОВИД-19 дар афроди мубтало ба ихтилоли сӯимасрафи мавод бештар аз афроде аст, ки ба ин ихтилол мубтало нестанд.
Ин таъсир дар афроде, ки ба ихтилоли масрафи мухаддир мубтало буданд қавитар буда ва ин афрод паёмадҳои манфии КОВИД-19 монанди бистарӣ шудан ва маргро бештар аз афроди дигар таҷриба кардаанд.
Доктор Нора Волков яке аз пажӯҳишгарони ин тарҳ гуфт: Рияҳо ва системи қалб-уруқӣ ағлаб дар афроди мубтало ба ихтилоли сӯимасрафи маводи мухаддир дар маърази хатар аст ва ҳамин метавонад осебпазирии болои онҳоро нисбат ба КОВИД-19 нишон диҳад.
Омили муассири дигар ҳошиянишинии афроди мӯътод аст, ки дастрасӣ ба хадамоти беҳдоштиро барои онҳо душвортар мекунад.