Эътирофи Натаняҳу ба тарс аз рӯёрӯӣ бо Ҳизбуллоҳ
(last modified Sat, 08 Apr 2023 12:51:55 GMT )
Апрел 08, 2023 17:51 Asia/Dushanbe
  • Эътирофи Натаняҳу ба тарс аз рӯёрӯӣ бо Ҳизбуллоҳ

Нахуствазири режими саҳюнистӣ ба заъфи ин режим дар муқобили қудрати муқовимат эътироф карду парҳез аз даргирӣ бо Ҳизбуллоҳи Лубнон, Ҳамос ва дигар гуруҳҳои муқовиматро хостор шуд.

Ба гузориши рӯзномаи саҳюнистии "Таймс Исроил" , Бинямин Натаняҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ дар нишаст бо мақомоти аршади амниятии ин режим эълом кард, дар шароити афзоиши хушунат дар Байтулмуқаддас, Каронаи Бохтарии руди Урдун, Ғазза ва Лубнон, наметавон бо ҷумбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) ва Ҳизбуллоҳи Лубнон рӯёрӯӣ кард.

Вай тасреҳ кард, Исроил талош мекунад аз даргирӣ дар ҷабҳаҳои мухталифи Лубнон, Ғазза, Байтулмуқаддаси Шарқӣ ва Каронаи Бохтарӣ, худдорӣ кунад.

Нахуствазири режими саҳюнистӣ бо ишора ба эътирозоти густарда дар сарзаминҳои ишғолӣ зидди ислоҳоти қазоии мавриди назари кабинаи ҳоким, афзуд, дар мавриди масоили дигар бо ҳам ихтилофоти зиёде дорем ва аз ҷаҳоти мухталиф, аз хиёбон то кабина, аз сӯи мухолифон дар маърази чолиш ҳастем.