Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс ҳамлаи саҳюнистҳо ба Масҷидул-Ақсоро маҳкум кард.
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i100732-Шӯрои_ҳамкории_Халиҷи_Форс_ҳамлаи_саҳюнистҳо_ба_Масҷидул_Ақсоро_маҳкум_кард.
Дабри кулли Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс зимни маҳкум кардани ҳамалоти саҳюнистҳо ба Масҷидул-Ақсо таъкид кард, тадоввуми таҷовузҳои ваҳшиёна ва ҳамалот ба муқуддасот дар сарзаминҳои ишғолии Фаластин рӯйдоди хатарнок аст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Апрел 10, 2023 11:24 Asia/Dushanbe
  • Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс ҳамлаи саҳюнистҳо ба Масҷидул-Ақсоро маҳкум кард.
    Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс ҳамлаи саҳюнистҳо ба Масҷидул-Ақсоро маҳкум кард.

Дабри кулли Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс зимни маҳкум кардани ҳамалоти саҳюнистҳо ба Масҷидул-Ақсо таъкид кард, тадоввуми таҷовузҳои ваҳшиёна ва ҳамалот ба муқуддасот дар сарзаминҳои ишғолии Фаластин рӯйдоди хатарнок аст.

Низомиёни саҳюнистӣ даври торзае аз хушунат бо фаластиниён дар Масҷидул-Ақсоро оғоз кардаанд ва бомдоди чаҳоршанбеи  гузашта ба муътакифони дохили Масҷид- Ал-Қаблӣ дар саҳни Масҷидул-Ақсо ҳамла ва талош карданд ононро аз масҷид берун кунанд.

Дар ин ҳамлаи саҳюнистҳо, беш аз 200 нафар намозгузорони фаластинӣ захмӣ ва 400 нафари дигар боздошт шуданд.