Апрел 20, 2023 11:07 Asia/Dushanbe
  • Шайх Наъим Қосим: Тавофуқи Эрон ва Арабистони Саъудӣ шуҷоъона буд
    Шайх Наъим Қосим: Тавофуқи Эрон ва Арабистони Саъудӣ шуҷоъона буд

Муовини Дабири кулли ҷунбиши Ҳизбуллоҳи Лубнон бо ишроа ба ин, ки минтақа дар ҳоли ҳаракат ба сӯйи субот аст, гуфт, тавофуқи Эрон ва Арабистони Саъудӣ шуҷоъона ва ҷасурона бад.

Ба гузориши Садои Хуросон, Шайх Наиъм Қосим муовини Дабири ҷунбиши Ҳизбуллоҳи Лубнон гуфт: Дар раъси ончӣ дар минтақа рӯх дод, тавофуқи Арабистони Саъудӣ ва Эрон қарор дорад, ин тавофуқ як рӯё буд аммо ин тавофуқ сурат гирифт чун Эрон ва Арабистони Саъудӣ тасмими ҷасурона ва шуҷоъонае гирфитанд чаро, ки онҳо хоҳони ҳамкори бо якдигар ва танзим кардани қутбнамоӣ худ дар ҷиҳати суботи сиёсии кишварашон ва минтақа ҳастанд.

Муовини Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон таъкид кард, ончӣ дар тавофуқи Эрон ва Арабистон рӯх дод, рӯйкардро дар минтақа тағир дод ва Исроил дубора душмани воқеъии ҳама шуд. Ба ҳамин далел аст, ки мо шоҳиди   вазъияти бади  режими Исроил ва дар муқобили пирӯзиҳои меҳвари муқовимат, оғози ҳамкориҳо дар Яман, Сурия ва дигар манотиқ ва  афзоиши қудрати миллати муҷоҳиди Фаластин дар баробари шикасти Исроил ҳастем.