Вуруди таҷҳизот ва муҳимот аз Ироқ ба Сурия тавассути низомиёни амрикоӣ
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i101646-Вуруди_таҷҳизот_ва_муҳимот_аз_Ироқ_ба_Сурия_тавассути_низомиёни_амрикоӣ
Манобеъи маҳали аз вуруди як корвон амрикоӣ шомили худравҳо ҳомили таҷҳизоти низомӣ ва муҳимот аз Ироқ ба дохили хоки Сурия хабар доданд.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Май 01, 2023 17:39 Asia/Dushanbe
  • Вуруди таҷҳизот ва муҳимот аз Ироқ ба Сурия тавассути низомиёни амрикоӣ
    Вуруди таҷҳизот ва муҳимот аз Ироқ ба Сурия тавассути низомиёни амрикоӣ

Манобеъи маҳали аз вуруди як корвон амрикоӣ шомили худравҳо ҳомили таҷҳизоти низомӣ ва муҳимот аз Ироқ ба дохили хоки Сурия хабар доданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон манобеъи маҳали эълом карданд корвони муташакил аз 40 худрав аз ҷумла чанд мошини боркаши ҳомили таҷҳизоти низомӣ ва муҳимоти мутаъалиқ ба неруҳои ишғолгари амрикоӣ бо убур аз гузаргоҳи ғайринизомии Алвалид аз хоки Ироқ хориҷ шуда ва вориди Сурия шуда аст.

Ба гуфтаи ин манобеъ ин корвон бо ҳамроҳи худравҳои разми зиреҳи неруҳои ишғолгари Амрико пас аз вуруд ба хоки Сурия ба тарафи фурудгоҳи низомӣ Харобул Ҷайр ба унвони пойгоҳи ғайринизомии Амрико воқеъ дар ҳумаи Ҳаска дар шимоли шарқи Сурия ҳаракат кард.