Баёнияи сеҷонибаи Эрон, Русия ва Туркия дар бораи буҳрони Сурия
(last modified Wed, 21 Dec 2016 08:38:07 GMT )
Декабр 21, 2016 13:38 Asia/Dushanbe
  • Баёнияи сеҷонибаи Эрон, Русия ва Туркия дар бораи буҳрони Сурия

Вазирони хориҷаи Эрон, Русия ва Туркия дар баёнияе муштарак, ҳимояти се кишварро аз ҳокимияти истиқлол ва тамомияти арзии Сурия ба унвони як давлати чанднажодӣ, чандмазҳабӣ, ғайрифирқаӣ ва демократӣ эълом карданд.

Ба иттилои хабаргузории Садо ва Симо, Муҳаммадҷаводи Зариф, Сергей Лавров ва Мавлуд Човуш Уғлу, вазирони умури хориҷаи Эрон, Русия ва Туркия рӯзи сешанбе дар Маскав бо судури баёнияе таъкид карданд: Се кишвар мутақоиданд, ки мунозиаи Сурия роҳҳалли низомӣ надорад ва онҳо бар нақши Созмони милали муттаҳид дар талошҳо барои ҳалли ин буҳрон тибқи қатъномаи 2254 Шӯрои амнияти Созмони милал сиҳҳа мегузоранд .

Дар ин баёния омадааст: Эрон, Русия ва Туркия аз талошҳои муштарак дар Ҳалаб, шарқи Сурия, ки боиси тахлияи довталабонаи ғайринизомиёни ва хуруҷи созмонёфтаи мухолифони мусаллаҳ шуд, истиқбол мекунанд ва мутааҳҳид мешаванд, ки ин фароянд бидуни вақфа ва ба наҳве эмин такмил шавад .

Дар ин баёния тасреҳ шудааст: Теҳрон, Маскав ва Анкара бар аҳаммияти густариши оташбас, дастрасии бидуни монеъ ба кумакҳои башардӯстона ва ҷобаҷоии озоди ғайринизомиён дар саросари кишвари Сурия тавофуқ доранд .

Дар ин баёния, се кишвар бар азми худ барои муборизаи муштарак бо ДИИШ ва Алнусра ва тафкик миёни онҳо ва гурӯҳҳои муоризи мусаллаҳ таъкид карданд .

Зариф, Лавров ва Човуш Уғлу ҳамчунин дар нишасти хабарӣ бар зарурати таваққуфи фаврии кумакҳои бархе кишварҳои ғарбӣ ва минтақа ба гурӯҳҳои террористӣ дар Сурия таъкид карданд .