Атвон: Сиёсати Тел-Авив дар таҳдиди Эрон ҳамвора шикаст хӯрдааст
Сардабири рӯзномаи “Раъй-ул-явм” таъкид кард, ки сиёсати Тел-Авив дар таҳдиди Эрон 20 сол аст, ки такрор мешавад ва ҳамвора шикаст хӯрдааст.
Абдулбори Атвон, таҳлилгари машҳури ҷаҳони араб ва сардабири рӯзномаи интернетии “Раъй-ул-явм” далоили афзоиши таҳдидоти лафзии кабинаи Тел-Авив алайҳи Эронро тарсҳову нокомиҳои майдонӣ тавсиф карду таъкид дошт, ки таҳдидҳо ҳамчун 20 соли гузашта ҳеҷ таъсире бар Теҳрону муттаҳидонаш дар меҳвари муқовимат нахоҳанд дошт.
Атвон дар идома гуфт: Манёврҳои низомии неруи заминии ҷумбиши Ҳизбуллоҳ дар ҷануби Лубнон, дар наздикии марзҳои шимолии Фаластини ишғолӣ, ҳолате аз изтироби бесобиқа дар суфуфи режими ишғолгар ва ба вижа ниҳодҳои низомии он ба вуҷуд овардааст.
Ҳизбуллоҳ рӯзи якшанбе (31 урдибиҳиштмоҳ) ва чанд рӯз монда ба бистусеюмин солгарди озодсозии ҷануби Лубнон аз дасти низомиёни режими ишғолгари саҳюнистӣ, дар ҷануби Лубнон размоиш баргузор кард.