Поёни раъйгирии интихоботи раёсатҷумҳурии Туркия ва оғози шумориши оро
(last modified Sun, 28 May 2023 14:43:56 GMT )
Май 28, 2023 19:43 Asia/Dushanbe
  • Поёни раъйгирии интихоботи раёсатҷумҳурии Туркия ва оғози шумориши оро

Раъйгирии даври дувуми интихоботи раёсатҷумҳурии Туркия, ки аз соати ҳашти субҳи имрӯз ба вақти маҳаллӣ дар як ҳазору 94 ҳавзаи интихобияи 81 устони ин кишвар оғоз шуда буд, баробари қонуни интихобот ва пас аз ахзи орои мардум ва бидуни тамдид, соати 17 ба вақти маҳаллӣ поён ёфт.

Мардуми Туркия имрӯз барои интихоби Раҷаб Тайиб Эрдуғон, номзади Эътилофи ҷумҳур ва ё Камол Қиличдор Уғулӯ, номзади мавриди ҳимояти Эътилофи миллат, мавсӯм ба аҳзоби мизи шашгона ба унвони ду рақиби сездаҳумин давраи интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар назди сандӯқҳои раъй рафтанд.

Дар даври аввали интихоботи раёсатҷумҳурии Туркия, ки дар рӯзи 14 моҳи майи 2023 баргузор шуд, ҳеҷ кадом аз се номзад, натавонистанд ҳадди ниссоби 50 дарсад ба изофаи як раъйро касб кунанд ва ба ҳамин иллат Эрдуғон ва Қиличдор Уғулӯ ба даври дувуми ин рақобати интихоботӣ роҳ ёфтанд.

Бар асоси натоиҷи шумориши орои даври нахуст, Эрдуғон бо касби беш аз 27 миллиону 88 ҳазор раъй муодили 49.5 дарсади оро ва Камол Қиличдор Уғлӯ бо касби беш аз 24 миллиону 568 ҳазор раъй муодили 44.89 дарсад ба даври дувум роҳ ёфтанд ва Синон Уғон, номзади сеюми ин рақобат низ ҳудӯди 2 миллиону 829 ҳазор раъй муодили 5.17 дарсади орои ин рақобатро касб кард.

Ба гузориши ИРНА, баробари қонӯни интихоботи Туркия, билофосила баъд аз итмоми раъйгирӣ, шумориши орои сандӯқҳои раъй тавассути авомили иҷроии интихобот ва бо назорати намояндагони аҳзоб роҳ ёфта ба порлумони ин кишвар ва низ аҳзоби эътилофи ҳомии ду номзади ҳозир дар ин рақобат дар маҳали шуъбаи раъйгирӣ оғоз шуд.