Таҳлил; Нигоҳи Эрдуғон ба Ховари Миёна дар даври ҷадиди раёсатҷумҳурӣ
Даври дувуми интихоботи раёсатҷумҳурии Туркия рӯзи гузашта баргузор шуд ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон бо пирӯзӣ дар интихобот, барои 5 соли дигар қудратро дар ин кишвар дар ихтиёр хоҳад дошт.
Яке аз мавзуоте, ки ҳоизи аҳаммият аст, ин аст, ки пирӯзии Эрдуғон чӣ таъсире бар минтақаи Ғарби Осиё хоҳад дошт?
Дар интихоботи раёсатҷумҳурии Туркия чанд мавзӯ марбут ба Ховари Миёна низ меҳвари таблиғоти руқабои интихоботӣ қарор дошт. Яке аз ин мавзуот, масъалаи оворагони сурӣ буд. Дар ҳоле, ки Камол Қиличдор Уғлӯ бар поён додан ба масъалаи оворагону бозгардондани онҳо ба кишварашон таъкид дошт, Эрдуғон тақрибан дар ин хусӯс дидгоҳи шаффофе надошт. Эрдуғон дар давраи ҷадид талош хоҳад кард, ҳамчунон аз мавзӯи оворагони сурӣ ба унвони абзори фишор бар Аврупо баҳра гирад ва ба назар мерасад мавзӯи ихроҷи оворагони сурӣ дастикам дар кӯтоҳмуддат дар миён набошад.
Яке дигар аз мавзуот, ҳузури низомии Туркия дар Ироқ ва Сурия аст. Қиличдор Уғлӯ бар поёни ин ҳузур таъкид дошт ва ба назар мерасад, Эрдуғон ҳамчунон бар идомаи ҳузури низомӣ дар шимоли Ироқу шимолу шимоли шарқи Сурия таъкид дошта бошад. Агарчӣ музокироти чаҳор ҷонибаи Эрон, Русия, Туркия ва Русия ҷараён дораду Сурия бар хурӯҷи низомиёни Туркия ва эҳтиром ба ҳокимияти Димишқ таъкид дорад, аммо давлати Эрдуғон дар кӯтоҳмуддат низомиёни Туркияро аз Сурия хориҷ нахоҳад кард .
Мавзӯи дигар марбӯт ба масъалаи Фаластин аст. Давлати Эрдуғон аз ҳомиёни Ҷумбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) аст ва Ҳамос низ аз пирӯзии Эрдуғон ҳимоят ва истиқбол кард. Дар айни ҳол, агарчӣ давлати Эрдуғон пеш аз ин эҳёи равобит бо режими саҳюнистиро анҷом дод, аммо дар ду даҳаи гузаштаи Эрдуғон ҳамвора ҳомии мардуми Фаластину Қудс буд ва ба назар мерасад ин ҳимоят дар даври ҷадид низ идома хоҳад дошт.
Масъалаи дигар, меҳвари ихвонӣ дар минтақаи ғарби Осиё аст. Тайи солҳои гузашта, давлати Эрдуғон саъй кард аз тариқи тақвияти равобит бо Қатару Ҳамос, аз шаклгирӣ ва тақвияти назми ихвонӣ дар минтақа ҳимоят кунад. Агарчӣ дар моҳҳои ахир равобити Анкара бо Қоҳира эҳё шуд, аммо Эрдуғон дар давраи ҷадид низ саъй хоҳад кард ба таври хос равобит бо Қатарро густариш диҳад ва ҳамчунон блоки Туркия, Қатару Ҳамосро тақвият кунад ва ҳатто кишварҳои ҷадидеро низ ба ин блок изофа кунад.
Масъалаи баъдӣ ин аст, ки агарчӣ равобити Риёзу Абу Забӣ бо Анкара низ пеш аз ин эҳё шуд, аммо Арабистону Иморот мавзеи шаффофе дар қиболи интихоботи Туркия надошта ва чӣ басо аз пирӯзии Қиличдор Уғлӯ низ истиқбол мекарданд. Баназар мерасад, дар давраи ҷадиди раёсатҷумҳурии Эрдуғон, нигоҳи рақобатӣ-ҳамкорӣ ҳамчунон бар равобити Туркия бо ин кишварҳо ҳоким бошад ва ҳатто ваҷҳи рақобат пуррангтар низ бошад.
Ҷумҳурии исломии Эрон дар интихоботи Туркия рӯйкарди адами мудохиларо дар пеш гирифта буд чаро, ки ба Туркия беш аз ҳама нигоҳи геополтикӣ дар қолаби як кишвар ҳамсоя дорад. Дар айни ҳол, Ҷумҳурии исломии Эрон ба Туркия ба унвони кишваре исломӣ менигарад. Бар ҳамин асос, Саидиброҳими Раисӣ, раисиҷумҳури Эрон дар паёме ба Эрдуғон, зимни табрики пирӯзии вай дар интихобот, хостори тақвияти равобити дуҷонибаи ду кишвару тақвияти ҳамкориҳои минтақаӣ шуд. Бо ин ҳол, ба назар мерасад дар давраи ҷадиди раёсатҷумҳурии Эрдуғон ихтилофот миёни Эрону Туркия дар бархе масоили минтақаӣ, аз ҷумла дар Қафқоз идома дошта бошад.