Июн 09, 2023 18:52 Asia/Dushanbe
  • Равобити Эрону Арабистон
    Равобити Эрону Арабистон

Вузарои умури хориҷаи кишварҳои узви Шӯрои ҳамкории халиҷи Форс бо таъкид бар аҳамияти талошҳои муштарак барои коҳиши таниш дар минтақа, аз барқарории дубораи равобити Эрону Арабистон истиқбол карданд.

Ба гузориши рӯзи панҷшанбеи “Алҷазира”, вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви Шӯрои ҳамкории халиҷи Форс дар поёни нишасти имрӯзи худ дар бораи барқарории равобити муҷаддади Эрону Арабистон, ки бо миёнҷигарии Чин анҷом шуд, таъкид карданд: Мо аз тасмими Арабистони Саудӣ ва Эрон барои азсаргирии равобити дипломатӣ истиқбол мекунем.

Кишварҳои Арабистони Саудӣ, Кувайт, Баҳрайн, Қатар, Иморот ва Уммон аъзои Шӯрои ҳамкории халиҷи Форс ҳастанд.

 

Барчасп