Дабири кулли Конфаронси байналмилалии ҳимоят аз интифозаи Фаластин : Муъодилот тағйир кардааст
(last modified Sat, 10 Jun 2023 08:43:24 GMT )
Июн 10, 2023 13:43 Asia/Dushanbe
  • Дабири кулли Конфаронси байналмилалии ҳимоят аз интифозаи Фаластин : Муъодилот тағйир кардааст

Дабири кулли Конфаронси байналмилалии ҳимоят аз интифозаи Фаластин дар бораи тағйири муъодилоти минтақа ва муваффақияти неруҳои муқовимат таъкид кард : Муъодилот тағйир кардааст .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сайид Муҷтабо Абтаҳӣ-дабири кули Конфаронси байналмилалии ҳимоят аз интифозаи Фаластин дар барномаи « соъат ба вақти Қудс » дар бораи арзёбии худ аз шароити феълии Фаластин гуфт : Баъд аз инқилоби исломӣ, ки гуфтимонҳо тағйир карду мусулмонон қодир шуданд бо дарсгирӣ аз инқилоби исломии халқи қудрат кунанд ва қудратро дар сутӯҳи сиёсӣ, фарҳангӣизомӣ, иқтисодӣ ва расонаӣ шакл доданд, табиатан муъодилот тағйир кардааст.
Абтаҳӣ афзуд : Мусулмонон дар паи инқилоби исломӣ дар ин 45 сол қудрати азиме халқ карданд, ки ҳеҷ қудратӣ ва ҳеҷ низоме наметавонад ин қудрати азимро нодида бигирад .
Дабири кулли Конфаронси байналмилалии ҳимоят аз интифозаи Фаластин ҳамчунин гуфт : Меҳвари муқовимати Фаластину Лубнон таъйини саҳна ва қавоиди набардро ба дасти гирифтаву душман сархурда аз саҳнае ба саҳнаи дигар меравад то аз худаш дифо кунад бо баррасии 40 солаи ҳаводиси ин ҳавза то имрӯз беш аз чанд сол аз умри режими саҳюнистӣ боқӣ намондааст.