Июл 04, 2023 15:27 Asia/Dushanbe
  • Поймолсозии пайдарпаи протоколи таваққуфи даргирӣ дар Сурия тавассути паҳподҳои амрикоӣ

Маркази русии мусолиҳаи тарафҳои мутахосим дар Сурия эълом кард паҳподҳои эътилофи мавсӯм ба " Эътилофи байналмилалии зидди ДИИШ " ба саркардагии Амрико борҳо протоколҳои таваққуфи даргирӣ дар Сурияро поймол карданд

Низомиёни Амрико ва аносири террористии вобаста ба онҳо муддатҳост, ки ба сурати ғайриқонунӣ дар шимолу шарқи Сурия ҳузур доранд ва илова бар ғорати манобеи нафтӣ ва низ гандуми ин кишвар иқдомотеро зидди мардум ва неруҳои сурӣ анҷом медиҳанд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Спутник,Олег Горинов- муовини Маркази Русия барои оштии тарафҳои мутахосим дар Сурия рӯзи сешанбе гуфт бо вуҷӯди таъаҳҳуди тарафи русӣ ба бандҳои ёддошти тавофуқи имзошуда миёни Русияву Амрико дар 20 октябри 2015 ( 28 меҳрмоҳи 1394 ) эътилофи мавсӯм ба зиддитероризм ба саркардагии Амрико ба нақзи протоколҳои таваққуфи даргирӣ дар Сурия идома медиҳад .
Ин маркази русӣ чанд рӯз пеш эълом кард паҳподҳои " Эътилофи байналмилалии зидди ДИИШ " ба саркардагии Амрико 315 навбат протоколҳои таваққуфи даргирӣ дар Сурияро дар моҳи июн поймол карданд .
Тахаллуфоти марбут ба парвозҳои паҳподҳо ва ҳавопаймоҳои эътилофи байналмилалӣ ба раҳбарии Амрико дар Сурия ба сурати бардавом идома дорад.
 

 

Барчасп