Декабр 25, 2016 11:37 Asia/Dushanbe
  • Таркиш дар анбори муҳиммоти ДИИШ дар Ҳалаби Сурия

Бар асари таркиш дар анбори муҳиммоти мутааллиқ ба гурӯҳи террористии ДИИШ дар шаҳри Ҳалаб дар шимоли Сурия, чанд тан кушта ва захмӣ шуданд.

Ба гузориши Пресс Тв, бар асари таркиш дар мадрасае дар минтақаи Суккарии шаҳри Ҳалаб, ки пеш аз озодсозии ин шаҳр ба унвони анбори муҳиммоти террористҳои ДИИШ истифода мешуд, дастикам ду нафар кушта шуданд.

Манобеи пулис эълом карданд, дар ин инфиҷор 33 нафар ҳам маҷрӯҳ шуданд, ки ҳоли чаҳор тан аз маҷрӯҳон вахим аст.

Фармондеҳи кулли артиш ва неруҳои мусаллаҳи Сурия, панҷшанбе шаб дар баёнияе эълом кард, ки поксозии комили шаҳри Ҳалаб аз террористҳо ва бозгашти амният ба ин шаҳр, як муваффақият ва таҳаввули роҳбурдӣ аст, ки артиш онро пайгирӣ мекунад.

 

Барчасп