Июл 13, 2023 10:39 Asia/Dushanbe
  • Эътирози шаҳрвандони сурӣ ба ишғолгарии амрикоиҳо
    Эътирози шаҳрвандони сурӣ ба ишғолгарии амрикоиҳо

Шаҳрвандони Сурия дар минтақаи Deir ez-Zur дар эътироз ба ишғолгарии амрикоиҳо таҷамӯъи эътирозомез баргузор карданд.

Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории давлатии Сурия (Сана), мардуми ҳафт шаҳраки озод шуда дар Ҳумаи шимолии шимолу шарқи Сурия дар эътироз ба ишғолгарии амрикоиҳо таҷамӯъи эътирозомез баргузор карда ва иқдомоти ишғолгаронро дар сирқати нафт ва манобеӣ табиии кишварашон маҳкум карданд.

Дар ин гузориш омадааст, нерӯҳои ишғолгари амрикоӣ барои сирқати мақодири нафти Сурия аз майдонҳои Алҷазира ва интиқоли он аз тариқи мабодии ғайри қонуни дар марзи Ироқ ба василаи даҳҳо тонкер ба шимоли ин кишвар ва овардани таҷҳизот ва маводи пуштибонӣ ба пойгоҳҳои низомии ғайри қонунии худ дар Ал-Ҳаска талош мекунанд.

Давлати Сурия борҳо таъкид кардааст, ишғолгарони амрикоӣ бо ҳузӯр дар шарқ ва шимолу шарқи Сурия ҳадафе ҷӯзъ ғорати нафт надоранд ва ҳузӯри онон ғайри қонуни аст.

Барчасп