Декабр 25, 2016 16:40 Asia/Dushanbe
  • Ҳидояти террористҳо дар Мусил тавассути афсарони низомии бархе кишварҳо

Раиси Эътилофи миллии шиаёни Ироқ изҳор дошт, шавоҳид ва асноде дар ихтиёр аст, ки ҳузури теъдоде аз афсарони низомӣ ва иттилоотии кишварҳои минтақаро дар Ироқ собит мекунад ва ин аснод ифшо хоҳад шуд.

Сайид Амморм Ҳаким, раиси Эътилофи миллии шиаёни Ироқ дар гуфтугӯ бо хабаргузории Садо ва Симо афзуд, ин афсарони низомӣ ҳидояти террористҳоро дар Мусил ва дигар шаҳрҳои Ироқ бар ӯҳда доранд.

 Раиси Эътилофи миллии шиаёни Ироқ бо интиқод аз ҳузури низомиёни хориҷӣ дар минтақа низ гуфт, ҳузури низомиёни хориҷӣ дар минтақа на фақат кӯмаке ба амнияти кишварҳои минтақа намекунад, балки сабаби ноамнӣ ва афзоиши ҳазинаҳои амниятии минтақа мешавад.

 Раиси Эътилофи миллии шиаёни Ироқ ҳамчунин дар посух ба мунтақидони ташкили нерӯи басиҷи мардумӣ, ки акнун бо унвони Ҳашд-уш-шаъбӣ бо террористҳо меҷангад, таъкид кард: “Тасмимоте, ки дар Ироқ иттихоз мешавад, марбут ба мардум ва бар асоси манофеи миллии ин кишвар аст ва дигарон ҳаққи мудохила дар онро надоранд”.

Раиси Эътилофи миллии шиаёни Ироқ таъкид кард, ташкили басиҷи мардумии Ироқ ибтидо марбут ба шиаён буд, аммо акнун бо тасвиб дар Маҷлиси намояндагони Ироқ, ба як нирӯи миллӣ табдил шудааст.

Ҳаким изҳор кард, ҳамаи қавмиятҳо ва мазоҳиб, аз ҷумла бародарони аҳли тасаннун, эзадиҳо, курдҳо, туркаманҳо ва масеҳиён низ дар ташкилотт Ҳашд-уш-шаъбӣ узвият доранд ва дар ҳақиқат ба як намоди миллии Ироқ мубаддал шуда, ки роҳбурди он густариши амният ба ҳамаи манотиқи Ироқ аст.

 

Барчасп