Июл 15, 2023 20:07 Asia/Dushanbe
  • Ашоири Сурия: Амрикоро аз хоки худ берун меронем
    Ашоири Сурия: Амрикоро аз хоки худ берун меронем

Ашоири араби Сурия бо таҷамуъ дар устони Дайр аз-Зур дар шақри ин кишвар ва дар эътироз ба ҳузури низомиёни амрикоӣ дар кишварашон таъкид карданд ин афродро аз Сурия ихроҷ ва то охирин ваҷаб аз хоки худро озод мекунанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спуткник ашоири араби Сурия ба ҳамроҳи неруҳои дифоъи миллӣ дар Дайр аз-Зур дар таҷамуъи эътирози бори дигар бар мухолифати худ бо ҳузури амрикоӣ дар ин кишвар таъкид карданд.

Таҷамуъи эътирози ашоири Дайр аз-Зур дар ҳоли баргузори шуд, ки шимоли наҳри Фурот шоҳиди таниш миёни артиши арабии Сурия ва ишғолгарони амрикоӣ ва ҳампаймонони курди онҳо аст.

Неруҳи амрикоӣ манотиқи нефтхези шарқ ва шимоли шарқи Сурияро таҳти ишғол доранд бо вуҷуди баёнияи мукарари давлати Сурия дар бораи лузуми хуруҷи ҳарчисареътари неруҳои бегона аз хоки ин кишвар бо ин ҳол Амрико ҳамчунон ба баҳонаи мубориза бо ДИИШ дар Сурия ҳузур дорад.

Давлати Димишқ борҳо бо ироаи мадорики мустанад сирқати нефти Сурия тавассути Амрикоро фош ва эълом кард пас аз дуздии нефти Сурия онҳоро аз гузаргоҳи ғайриқонуни дар шарқи Сурия ба пойгоҳҳои худ дар шимоли Ироқ қочоқ мекунад.

Барчасп