Июл 16, 2023 10:26 Asia/Dushanbe
  • Идомаи дуздии нефти Сурия тавассути ишғолгарони амрикоӣ
    Идомаи дуздии нефти Сурия тавассути ишғолгарони амрикоӣ

Неруҳои ишғолгарони амрикоӣ дар идомаи дуздии нефти Сурия теъдоди тонкери ҳомили нефти дуздии Сурияро ба Ироқ мунтақил карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории расмии Сурия Соно неруҳои ишғолгари амрикоӣ 35 тонкери ҳомили нефти дуздии Сурияро аз тариқи гузаргоҳи ғайриқонунии Алвалид воқеъ дар шарқи Алҳасака ба минтақаи шимоли Ироқ мунтақил карданд.

Пештар Файсал Алмиқдод вазири хориҷаи Сурия гуфта буд, ки хисоратҳои ворида ба бахши нефту газ дар ин кишвар аз соли 2011 то 2023 ба 710 миллиард доллар расид ва Димишқ хоҳони ин хисорот аст.

Артиши Амрико ба сурати ғайриқонуни манотиқи шимоли ва шимоли шарқии Сурия дар устонҳои Дайр аз-Зур, Алҳасака, Алқаъаро ки бузургтарин майдонҳои нефту гази Сурия дар он воқеъ шуда аст ба ишғоли худ дароварда аст.

Барчасп