Вазорати ҳуқуқи башари Яман: Ҷиноёти Арабистон поён ёбад
(last modified Sun, 25 Dec 2016 13:36:19 GMT )
Декабр 25, 2016 18:36 Asia/Dushanbe
  • Вазорати ҳуқуқи башари Яман: Ҷиноёти Арабистон поён ёбад

Вазорати ҳуқуқи башари Яман бо маҳкум кардани ҳамалоти Арабистон ба ин кишвар, таваққуфи ҷиноёт, ба вижа истифода аз силоҳи мамнуаро бидуни таваҷҷуҳ ба қавонини байналмилалӣ дар ҳаққи шаҳрвандони Яман хостор шуд.

Ба гузориш шабакаи хабарии ямании “Алмассира”, Вазорати ҳуқуқи башари Яман рӯзи якшанбе бо судури баёнияе бо таъкид бар анҷоми иқдомоти лозим барои ҷилавгирӣ аз идомаи ҳамлаи арабистонӣ- амрикоӣ ба Яман, нақши бетарафона ва мустақили Созмони милалро дар таҳқиқоти марбут ба ҷиноёти Арабистон зидди мардуми Яман хостор шуд.

Вазорати ҳуқуқи башари Яман эълом кард, поён додан ба муҳосираи золимонаи мардуми Яман ва илзоми Арабистон ба судури муҷаввизи вуруди кумакҳои башардӯстона ва дору барои мардуми Яман зарурӣ аст.

Дар ҳамин ҳол, хабаргузории ямании Сабо низ рӯзи якшанбе ба нақл аз дабири Шурои вилояти Маҳвият гузориш дод, мардуми шаҳри Бани Саъд дар ҷануби вилояти Маҳвият ҳеҷ амнияти ғизоӣ надоранд ва вазъияти таассуфбор доранд.

 Арабистон аз 26-уми марти 2015 Яманро ҳадафи ҳамалоти ҳавоӣ ва тӯпхонаӣ қарор додааст ва дар ҷараёни ин ҳамалот беш аз 11 ҳазор нафар кушта ва ҳазорон яманӣ ҳам захмӣ шудаанд.