Июл 25, 2023 15:20 Asia/Dushanbe
  • \
    \"Ҳадафи Амрико табдили Ироқ аз «миллате ҳақгаро» ба «миллате бо гароиш ба ҳамҷинсгароӣ» аст\"

Муқтадо Садр ба таҳаррукоти хазандаи сафири Амрико дар Ироқ вокуниши тунд нишон дод.

Раҳбари ҷараёни Садри Ироқ бо ҳушдор ба фаъолиятҳои хазандаи сафири Амрико дар Ироқ эълом кард, Ироқ ҳаргиз ба сарзамине барои нашри мақосиди палиди давлатмардони Амрико мубаддал нахоҳад шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Меҳр”, Муқтадо Садр, раҳбари ҷараёни Садри Ироқ дар паёме бо ҳамла ба сиёсатҳои Амрикоу иқдомоти Алина Романовский дар Ироқ гуфт, ҳадафи сафири Амрико ва давлаташ дар Ироқ фароҳами намудани бистаре барои табдили ин кишвар ба пайравӣ аз сиёсатҳои Амрико ва дар ниҳоят табдили Ироқ аз «миллате ҳақгаро» ба «миллате бо гароиш ба ҳамҷинсгароӣ» аст.

 

Барчасп