Алҳавсӣ : Беҳурматӣ ба Қуръони карим аз сӯи лобии саҳюнистӣ сурат мегирад
(last modified Sat, 29 Jul 2023 05:53:44 GMT )
Июл 29, 2023 10:53 Asia/Dushanbe
  • Алҳавсӣ : Беҳурматӣ ба Қуръони карим аз сӯи лобии саҳюнистӣ сурат мегирад

Раҳбари ҷумбиши Ансоруллоҳи Яман бо баёни инки уммати исломӣ бо шарорату ҷиноёти язидиёни лобии саҳюнистӣ - амрикоӣ рӯбарӯ ҳастанд, гуфт : Оташ задану пора кардани Қуръон дар кишварҳои ғарбӣ аз сӯи ин лобӣ сурат мегирад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз шабакаи хабарии Алмасира, Сайид Абдулмалик Алҳавсӣ-раҳбари ҷумбиши Ансоруллоҳи Яман дар тазоҳуроти рӯзи Ошӯро бо баёни инки имрӯза уммати исломӣ бо зулму шарорату ҷиноёти язидиёни лобии саҳюнистӣ - амрикоӣ рӯбарӯ ҳастанд, таъкид кард : Оташ задану пора кардани Қуръони карим дар кишварҳои ғарбӣ аз сӯи лобии яҳудӣ сурат мегирад, ки ин масъала авҷи куфру таъаддӣ ба Ислом ва мусалмонон аст.
Раҳбари ҷумбиши Ансоруллоҳи Яман гуфт : Истодагии 9 солаи мардуми Яман дар баробари таҳрим, ҷанг, таблиғот, талош барои фитнаафрӯзӣ бо кумаку пайравӣ аз суннатҳои бузургон аз ҷумла Имом Ҳусайн ( а ) аст ва уммати исломӣ бояд дар қиболи таъаддии кишварҳои ғарбӣ ба Қуръони карим мавзеи қотеъу ҷиддитарӣ ишғол кунанд .
Алҳавсӣ бо ишора ба инки камтарини посухи кишварҳои мусулмон ба иҳонатҳои кишварҳои ғарбӣ қатъи равобити диплумотик ва таҳрими иқтисодӣ аст, ба ҷавомеъи ғарбӣ ҳушдор дод, ки лобии яҳудӣ ононро ба самти партгоҳ мекашонад.
Алҳавсӣ тамаддуни Ғарбро тамаддуни ваҳшиёнае донист, ки ахлоқу арзишҳои инсониро инкор мекунад ва ҳеҷ эҳтироме барои муқаддасот қоил нест ва дар поён аз ҷавомеъи ғарбӣ хост, ки дар бархӯрди худ бо Қуръон бознигарӣ кунанд ва ба Ислом гароиш пайдо кунанд ; зеро Ислом фақат танҳо роҳи наҷоти ҷомеъаҳои башарӣ аст.