Димишқ: Ишғолгарони амрикоӣ муртакиби ҷинояти ҷадиди зидди артиши Сурия шуданд
Вазорати хориҷаи Сурия аз ташдиди таҳарукот ва ҷиноёти ҷадиди Амрико дар ин кишвар хабар дод.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Соно, Вазорати хориҷаи Сурия эълом кард: Ишғолгарони амрикоӣ рузи гузашта ҷинояти ҷадиди муртакиб шуд ва ба ҳамроҳи унсурҳои террористии вобаста ба худ ба автобусти ҳомили неруҳои артиши Сурия дар ҷануби шарқи Дайр аз-Зур ҳамла карданд, ки бар асари он теъдоди аз низомиён ҷон бохтанд ва бархе дигар захми шуданд.
Дар баёнияи Вазорати хориҷаи Сурия омада аст: Ин таҷавози террористи дар ростои ташдиди таҳарукоти Амрико зидди ҳокимияти Сурия ва истиқлол ва тамомияти арзи ва ҳимояти Амрико аз гуруҳҳои террористӣ ва дар раъси онҳо гуруҳи террористии ДИИШ ва баҳрабардори аз он ва шибҳинизомиёни ҷудоиталаб ба унвони абзори барои иҷроӣ тарҳҳои худ дар Сурия ва минтақа аст ба вижа, ки ин иқдоми ҷинояткорона ҳамзамон бо ғорати ҳамешаи манобеъи нефти ва кишоварзии Сурия ва афзоиши фишори иқтисоди бар миллати Сурия аст бо ин ҳадаф ки тули ишғолгари бештар шавад ва талошҳои бесуботкунанда амният минтақа идома дошта бошад.