Насруллоҳ : Амрико ба дунболи бозгардондани ДИИШ аст
(last modified Tue, 15 Aug 2023 08:41:45 GMT )
Август 15, 2023 13:41 Asia/Dushanbe
  • Насруллоҳ : Амрико ба дунболи бозгардондани ДИИШ аст

Сайидҳасан Насруллоҳ-дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон ҳаводиси террористии Покистон, Сурия ва Шоҳчароғи Шерозро таслият гуфт ва афзуд : Амрико ба дунболи ин аст, ки гурӯҳаки террористии ДИИШ дар бисёре аз арсаҳо бори дигар ба фаъолият бозгардад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон шомгоҳи душанбе ба муносибати ҳафдаҳумини солрӯзи пирӯзии муқовимат дар баробари режими саҳюнистӣ дар ҷанги соли 2006 суханронӣ кард .
Сайидҳасан Насруллоҳ бо баёни инки дар соли 2006 ва дар чунин рӯзе мардуми манотиқи мухталифи Лубнон бидӯни ҳеҷ таваҷҷӯҳе ба таҳдидҳои саҳюнистҳо ба манозили худ бозгаштанд, идома дод : Ин бозгашти шуҷоъона нишонгари суботи миллати мо ва пайбандӣ ба ин хок ва гузинаи муқовимат аст.
Дабири кулли Ҳизбуллоҳ бо ишора ба инки дар ин ҷанг бо чашми худ нишонаи таҳаққуқи ваъдаҳои илоҳӣ мушоҳида кардем, афзуд : Дар ҳар муносибате бояд аз тамоми касоне ки дар рақам задани ин ҳамоса ва муъҷизаву устура нақш доштанд, камоли ташаккуру қадрдониро дошта бошам, аз ҷумла мардум, размандагон, ниҳодҳои низомӣ, шуҳадо, Эрон, Сурия ва тамомии кишварҳое ки аз муқовимат ҳимоят карданд.
Вай бо ишора ба асароти ин ҷанг дар эҷоди муъодилаи боздорандагӣ ва огоҳии душман аз мизони қудрати муқовимат идома дод : Ончи соли гузашта дар масъалаи тарсими марзҳои дарёӣ рух дод ҳам аз натоиҷи ин ҷанг буд.
Насруллоҳ бо таъкид бар инки муқовимат бақияи нуқоти марзии ишғолиро бозпас хоҳад гирифт ва сипари воқеӣ барои ҳимояти Лубнон хоҳад буд, унвон кард : Имрӯз душман аз назари сиёсӣизомӣ, мардумӣ ва рӯҳӣ бисёр заъифтар аз соли 2006 аст ва меҳвари муқовимат бисёр қавитар аз он замон шудааст.
Ҷанги режими саҳюнистӣ ва Лубнон,ки ба ҷанги 33 рӯза маърӯф аст, ҷанге аст, ки ба муддати 33 ё 34 рӯз байни артиши саҳюнистӣ ва Ҳизбуллоҳи Лубнон дар соли 2006 ба вуқуъ пайваст ва доманаи он шимоли арозии ишғолӣ ва саросари Лубнонро дар бар гирифт.
Ҷанги 33 рӯза дар навъи худ беназир ва аз абъоди мухталифу мутафовит дорои аҳамияти фавқулода ва мунҳасир ба фард аст. Зеро дар ин набарди сангину ҳамаҷониба Исроил ба аҳдофе, ки пеш аз ҷанг бо ҳамоҳангӣ ва ҳимояти Амрико барои худ муайян карда буд даст наёфт, ки намӯнаи боризе аз такрори ба маротиб сахттар шикаст ва нокомии соли 2000 дар ақабнишинӣ аз ҷануби Лубнон буд. Бинобарин таҳоҷуми густардаи Исроил бо пирӯзии размандагони муқовимати исломӣ поён ёфт ва ба дунболи ин муваффақият муъодилоти дохилии Лубнон, Исроил ва минтақа дастхуши тағйиру таҳаввулоти ҷадид ва асосӣ гардид.

Бештар бихонед: