Август 21, 2023 11:31 Asia/Dushanbe
  • Раисиҷумҳӯри асбақи Лубнон: Исроил аз назари низомӣ қодир ба пирӯзӣ нест
    Раисиҷумҳӯри асбақи Лубнон: Исроил аз назари низомӣ қодир ба пирӯзӣ нест

Раисҷумҳӯри асбақи Лубнон бо ишора ба нақши Теҳрон, Маскав ва Дамишқ дар пирӯзии Лубнон дар ҷанги сиву се рӯза таъкид кард, шикасти режими саҳюнистӣ дар баробари меҳвари муқовимат, ҳатмӣ аст.

Ба гузориши Садои Хуросон, гуфт, пирӯзии роҳбӯрди дар ҷанги сиву се рӯза дар соли 2006, иддаои режими саҳюнистӣ мабни бар артиши шикаст нопазирро дар ҳам шикаст.

Лаҳуд таъкид кард, дар он замон, муъодилаи таллоии артиш-миллат- муқовимат тасбит шуд. Мо талош кардем ин муъодиларо ба як бовар дар бахши низомӣ ва дар сатҳи кишвар табдил кунем, замоне, ки ба раёсатҷумҳӯрӣ расидам, ба иртиқои ин роҳбӯрд идома додем то ин, ки пирӯзии соли 2006 муҳақақ шуд.

Лаҳуд бо ишора ба нақши Ҷумҳӯрии Исломии Эрон дар пирӯзии 2006 ва ҳимоят аз меҳвари муқовимат, ки ҳамчунон идома дорад, дар бораи шеваҳои душмани саҳюнистӣ ҳам гуфт: Исроил ба ин натиҷа расидааст, ки дигар аз назари низомӣ қодир ба пирӯзӣ нест.  Ба ҳамин далел, ба дунболи аз байн бурдани иттиҳоди дохилии Лубнон в а Сурия аст.