Август 29, 2023 21:41 Asia/Dushanbe
  • Идомаи амалиёти муқовимати зидди саҳюнистҳо дар Каронаи Бохтарӣ
    Идомаи амалиёти муқовимати зидди саҳюнистҳо дар Каронаи Бохтарӣ

Неруҳои муқовимати Фаластин дар шабонаи рузи гузашта 19 амалиёти муқовимати зидди низомиёни саҳюнистӣ дар Каронаи Бохтарӣ руди Урдон ва Қудси ишғоли анҷом доданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон маркази иттилоъоти Фаластин мавсум ба Маъто эълом кард: Неруҳои муқовимати фаластинӣ 19 амалиёт дар Каронаи Бохтарӣ руди Урдун ва Қудси ишғоли анҷом доданд, ки 3 амалиёти тирандози ва партоби бомби дастсоз ва муқобила бо ҳамалоти шаҳракнишинони саҳюнист буд.

Ин маркази фаластинӣ афзуд: Дар 10 маврди даргири миёни неруҳои муқвоимати фаластинӣ ва низомиёни режими ишғолгари саҳюнистӣ як шаҳракнишини саҳюнист захми шуд.

Дар ин гузориш омада аст дар муқобила бо ҳамалоти шаҳракнишинони саҳюнист дар минтақаи Азун дар шарқи Қалқилия як шаҳракнишин бар асари партоби санг захми шуд ва худвари вай осеб дид.