Ҳамос : Миллати Фаластин иҷозаи таъарруз ба Масҷидулақсоро нахоҳад дод
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i106860-Ҳамос_Миллати_Фаластин_иҷозаи_таъарруз_ба_Масҷидулақсоро_нахоҳад_дод
Сухангӯи ҷумбиши муқовимати исломии Фаластин ( Ҳамос ) гуфт:Миллати Фаластин ва муқовимати он ҳаргиз иҷозаи таъаррузу таъаддӣ ба Масҷидулақсоро ба душмани саҳюнистӣ нахоҳанд дод.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Сентябр 02, 2023 10:17 Asia/Dushanbe
  • Ҳамос : Миллати Фаластин иҷозаи таъарруз ба Масҷидулақсоро нахоҳад дод

Сухангӯи ҷумбиши муқовимати исломии Фаластин ( Ҳамос ) гуфт:Миллати Фаластин ва муқовимати он ҳаргиз иҷозаи таъаррузу таъаддӣ ба Масҷидулақсоро ба душмани саҳюнистӣ нахоҳанд дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросонозим Қосим-сухангӯи ҷумбиши муқовимати исломии Фаластин ( Ҳамос ) дар таҷаммуъе, ки ба нишонаи ҳимоят аз Қудсу Каронаи бохтарӣ дар Ғазза баргузор шуда буд, гуфт: Ҳар гуна таъаддиву юриш ба Масҷидулақсо дар ҷараёни идҳои яҳӯдӣ ба манзалаи гушудани дари набарди тамомайёр дар тамомии ҷабҳаҳо аст.
Қосим хотирнишон кард низомиён ва шаҳракнишинони саҳюнист, то замоне ки ба таҷовузоту шаҳраксозӣ идома медиҳанд дар амон нахоҳанд буд.
Сухангӯи Ҳамос хотирнишон кард муқовимат ҳаргиз ба душмани саҳюнистӣ иҷозаи таҷовузу таъаддӣ алайҳи асирони фаластиниро нахоҳад дод ва бо баҳрагирӣ аз тамомии абзорҳо ҷиҳати мамониат аз саркубгарии Исроил алайҳи ин асирон даст ба кор хоҳад шуд.