Сентябр 15, 2023 18:12 Asia/Dushanbe
  • Хатари таҷовузоти ишғолгарон ба Масҷидулақсо
    Хатари таҷовузоти ишғолгарон ба Масҷидулақсо

Сухангӯи ҷумбиши ҲАМОС дар Қудси ишғолӣ нисбат ба беэҳтиромии густардаи Масҷидулақсо тавассути шаҳракнишинон дар идҳои яҳудӣ ҳушдор дод.

Муҳаммад Ҳамода, сухангӯи ҲАМОС дар Қудс аз фаластиниён дар Каронаи Бохтарӣ, Қудс ва арозии ишғолӣ хост, тайи рӯзҳои оянда бо ҳузури густарда дар Масҷидулақсо, аз ин масҷид дар муқобили юриши шаҳракнишинон ҳимоят кунанд.

Ҳамода ҳамчунин нисбат ба хатари таҷовузоти ишғолгарон ба Масҷидулақсо, ба вижа бо шурӯи таътилоти яҳудиён аз шанбеи оянда ҳушдор дод.

Сухангӯи ҲАМОС афзуд, режими ишғолгар шаҳракнишинони ифротиро озод гузошта то бо анҷоми одоби талмудӣ дар Қудс ва Масҷидуалақсо табоҳӣ ба бор оваранд.

Ҳамода гуфт, ҳеч кас набояд иҷоза диҳад таҷовузоти ишғолгарон ва шаҳракнишинон ба Қудс ва Масҷидулақсо бепосух бимонад.