Сентябр 16, 2023 19:42 Asia/Dushanbe
  • Даҳҳо ҳазор фаластинӣ намози ҷумъаро дар Масҷидулақсо хонданд

Бо вуҷӯди тадобири шадиди амниятии низомиёни режими ишғолгари Исроил, даҳҳо ҳазор намозгузори фаластинӣ намози ҷумъаро дар масҷиди мубораки Ал Ақсо иқома карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, низомиёни саҳюнист рӯзи гузашта (ҷумъа) тадобири амниятии шадидеро дар вурӯдиҳои Масҷидулақсо ва ҳамчунин вурӯдиҳои шаҳраки қадимии шаҳри ишғолии Қудс тадорук дида буданд.

Идораи авқофи исломии Қудс, зимни бароварди шумори намозгузорон эълом кард, наздик ба 40 ҳазор намозгузори фаластинӣ намози ҷумъаро дар масҷиди мубораки Ал Ақсо иқома карданд.

Ин дар ҳоле аст, ки низомиёни режими ишғолгари Исроил дар хиёбонҳои шаҳри ишғолии Қудсу атрофи Масҷидулақсо мустақар ва дар вурӯдиҳои масҷид мутамарказ шуданду намозгузоронро бозрасӣ карда ва корти шахсии онҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.