Сентябр 18, 2023 10:23 Asia/Dushanbe
  • Захмӣ шудани 6 фаластинӣ дар Шарқи Ғаза
    Захмӣ шудани 6 фаластинӣ дар Шарқи Ғаза

Вазорати беҳдошти Фаластин аз захмӣ шудани 6 фаластинӣ дар борикаи Ғаза хабар дод.

Ба гузориши Садои Хуорсон, низомиёни ишғолгари Қудс дар борикаи марзӣ дар шарқи Ғаза ба суи тазоҳурот кунанадагони фаластинӣ тирандозӣ карданд, ки дар паи ин иқдоми саҳюнистҳо 6 фаластинӣ захмӣ шуданад.

Ин дуввумин ҳамлаи саҳюнистҳо дар чанд соати гузашта ба ҷавонони фаластинӣ аст. Манобеъи маҳалии фаластинӣ ҳам асри якшанбе эълом карданд, ки низомиёни ишғолгари саҳюнист тазоҳуроти фаластиниён дар наздикии мавонеъи марзӣ дар шарқи "Ҷаболиё" воқеъ дар борикаи Ғазаро саркуб карданд.

Бар асоси ин гузориш, саҳюнистҳо ба самти тазоҳурот кунандагони фаластинӣ гулула ва гази ашковар шилик карданд, ки то лаҳзаи мухобираи ин хабар чанд нафар аз ҷумла як хабарнигор захмӣ шуданд.