ДИИШ, “фарзанд"-е, ки Амрико ва Туркия дигар онро намехоҳанд
Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Амрико рӯзи сешанбе, 27 декабр гузоришҳо мунташиршударо дар мавриди тасмими Вашингтон барои муҷаҳҳаз кардани гурӯҳҳои мусаллаҳи фаъол дар Сурия бо дӯшпартобҳо (ПЗРК)-и зиддиҳавоӣ такзиб кард. Марк Тонер дар айни ҳол бо мазҳака хондани иддаои Эрдуғон дар робита ба ҳимояти Ғарб ва Амрико аз ДИИШ ба изҳороти раисҷумҳури Туркия вокуниш нишон дод.
Раисҷумҳури Туркия дар сафари ахири худ ба Покистон зимни суханронӣ дар парлумони ин кишвар бо ишора ба силоҳҳои сохти Ғарб, ки аз гурӯҳи террористии ДИИШ кашф шудаанд, гуфт, Амрико ва Ғарб бо ДИИШ мебошанд ва аз он ҳимоят мекунанд. Эрдуғон бо таъкид ба вуҷуди далелу санад, ки нишон медиҳад, эътилофи таҳти раҳбарии Амрико аз гурӯҳҳои террористӣ, аз ҷумла ДИИШ ҳимоят мекунад, гуфт, ҳеҷ гурӯҳе ба андозаи ДИИШ ба Ислом зарба наздааст ва Ғарб бо ҳимоят аз ин гурӯҳ ҷиҳати тахриби ҷаҳони Ислом ҳаракат мекунад.
Сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико изҳороти Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷмҳури Туркияро дар мавриди ҳимояти эътилофи Амрико аз ДИИШ мазҳака хонд. Агарчи Эрдуғон ба вуҷуди силоҳҳои сохти кишварҳои ғарбӣ дар дасти аъзои ДИИШ ишора кард, аммо Марк Тонер ҳеҷ ишорае ба кашфи анбори силоҳи ин гурӯҳ дар Ҳалаб накард, ки гуфта мешавад, таҷҳизоту абзори мавриди ниёзи сохти ин силоҳҳо аз марзи Туркия ба Сурия ворид шудааст. Шояд камтар касе тасаввур мекард, ки пас аз шаклгирии ҷабҳаи мухолифони хориҷӣ гурӯҳҳои мусаллаҳ ва мухолифони дохилии ҳукумати Башор Асад тайи камтар аз панҷ сол битавон шоҳиди чанддастаӣ, зарба задан ба манофеъ, ҳамчунин афкору ақидаи зидди мақомоти кишварҳое буд, ки ҳеҷ натиҷае надоштанд.
Кишварҳои ғарбӣ, минтақаӣ ва арабӣ ҳар яке бо аҳдофе чун тағйири ҷуғрофиёи сиёсии Ховари Миёна, эҳёи империяи фурӯпошида ва таъсиргузорӣ ба таҳаввулоти ношӣ аз бедории исломӣ дар Ховари Миёна бо ҳимоят аз ДИИШ вориди ҳамкориҳои сиёсию иҷтмоии минтақа шуданд. Ҳимоят аз гурӯҳҳое назири ДИИШ на фақат мавҷудияту тамомияти арзӣ ва миллии Ироқро ҳадаф гирифт, балки бавосита буҳрони дохилӣ дар Сурия дар кӯтоҳтарин замони мумкин вориди ҷуғрофияи сиёсии ин кишвар шуд. Ин бор омили дастнишонда ва пешбарандаи аҳдофи эътилофи ғарбӣ, арабӣ ва минтақаӣ дар Ироқу Сурия Абубакр Бағдодӣ буд, ки пас аз солҳо узвият дар “ал-Қоида” ва ҳамкорӣ бо ин гурӯҳ дар соли 2010 ба унвони саркардаи гурӯҳи мавсум ба “Давлат исломии Ироқ” вориди бозиҳои минтақаӣ шуд. Як сол баъд бо оғози буҳрон дар Сурия Бағдодӣ бо эъзоми террористҳои таҳти фармони худ ба Сурия нахустин иқдомоти худро барои амалӣ кардани рӯъёи ҳомиёни хориҷӣ ва шахси худ таҳти унвони Ҳукумати Ироқу Шом анҷом дод. Аммо надоштани улгӯи ҳукумати қобили қабул ва роҳандозии шеваҳои хашину тунди санҷидашудаи “ал-Қоида” дар Афғонистон, шимоли Африқо ва низ роҳандозӣ кардани равишҳои ғайру мухолифи фармудаҳои исломӣ дар канори муқовимати ҷабҳаи мардумӣ ва давлати Димишқ тайи панҷ сол ҳомиёни ин гурӯҳро ногузир ба таҷдиди назар дар қиболи гурӯҳи такфирӣ ва террористии ДИИШ кардааст.
Террорҳои ДИИШ, ки дигар аз марзҳои кишварҳои минтақа ба Аврупо низ кашида шудааст, ҳеҷ фурсате барои кишварҳои ғарбӣ ва минтқаии ҳомии ин гурӯҳи боқӣ нагузоштааст. Аз ин рӯ, раҳбарону мақомоти кишварҳое назири Туркия ва Амрико, ки дар як марҳала ба пирӯзии мухолифони Башор Асад ифтихор мекарданд, акнун таҳти таъсири афкори умумии ҷаҳонӣ барои безор будан ва напазируфтани гурӯҳи такфирию амалҳои зиддиинсонии он талош мекунанд. Ҳол он ки эътирофи раисҷумҳури Туркия дар робита ба ҳимояти Ғарбу Амрико аз ДИИШ ва низ радди ин изҳорот аз ҷониби Амрико ҳар кадом гӯёи бахше аз воқеияту моҳияти вуҷуди гурӯҳи такфирӣ-саҳюнистии ДИИШ аст, ки акнун гиребони Анкара ва Вашингтонро дар ду арса, таҳаввулоти дохилӣ ва хориҷии гирифтааст ва дигар ҳеҷ як аз ин ду ҳозир ба қабули масъулияти ҳимоят аз ДИИШ дар гузашта ва ҳозира нест.