Сентябр 29, 2023 21:07 Asia/Dushanbe
  • Муҳамадшайёъ Ассудонӣ, нахуствазири Ироқ
    Муҳамадшайёъ Ассудонӣ, нахуствазири Ироқ

Муҳамадшайёъ Ассудонӣ бар зарурати посухгӯ кардани муқассирони ҳодисаи оташсӯзӣ дар як толори арӯсӣ дар шаҳраки Алҳамдония, воқеъ дар устони Найнавои Ироқ таъкид кард.

Дар пайи оташсӯзии сешанбешаб (26 сентябр) дар як маросими арӯсӣ дар ин шаҳрак дастикам 114 нафар кушта ва беш аз 300 нафар захмӣ шуданд.

Нахуствазири Ироқ, ки рӯзи панҷшанбе ба шаҳри Алҳамдония дар устони Найнаво сафар карда буд, зимни таслият ба хонаводаи қурбониёни ҳодисаи дилхароши оташсӯзӣ дар толори арӯсӣ гуфт, ин ҳодисаи дарднок ҳамаи ироқиҳоро таҳти таъсир қарор дод ва мо шоҳиди соя афкандани ғаму андӯҳ бар саросари кишварамон ва дар айни ҳол ибрози ҳамдардиву ҳамбастагӣ бо қурбониёни ин ҳодисаву масдумони он ҳастем.

Ӯ таъкид кард, саҳлангорӣ, кӯтоҳӣ ва адами эҳсоси масъулият дар ин ҳодисаи дарднок нақш дошту вазифаи мо ба унвони давлат ин аст, ки дар муқобили ин нақси бузург биистем. Аз ҳамон лаҳзаи нахусти ҳодиса ба вузарои кишвару беҳдошт дастури ҳузуру баррасии шароити ҳодисаву назорат бар дармони маҷрӯҳону беҳбуди масдумонро додам ва тамоси идомадоре бо устондор доштем.

 

Барчасп