Ҳамла ба сафорати Русия дар Димишқ
Сафорати Русия дар Димишқ асри чаҳоршанбе дубор ҳадафи ҳамлаи хумпораӣ қарор гирифт.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, Вазорати умури хориҷаи Русия дар баёнияе ин ҳамларо иқдоме таҳрикомез бо ҳадафи шикасти дастёбӣ ба роҳи ҳалли мусоламатомез дар Сурия тавсиф кард.
Дар ин баёния омадааст, дар ин ҳамалот, ки соати 13:19 дақиқа (ба вақт Маскав) рӯй дод, як хумпора ба дохили муҳаватаи сафорат ва як хумпора дигар низ наздики намояндагии дипломатии ин кишвар исобат кард.
Вазорати умури хориҷаи Русия тасреҳ карда, ки ин ҳамалот аз сӯи тундравҳои сурат гирифтааст, ки мухолифи ҳалу фасли мусоламатомези ихтилофот дар Сурия ҳастанд ва нишон диҳандаи нияти онҳо барои идомаи иқдомоти террористӣ ва хушунатомез ва эҷоди тарс дар байни сокинони пойтахти Сурия аст.
Ин баёния меафзояд, мо ночорем эътироф кунем сафорати Русия ва коркунон он аз тарафи гурӯҳҳои террористии ҳозир дар манотиқи атрофи Димишқ таҳдид мешаванд.
Вазорати умури хориҷаи Русия таъкид кард, гулӯлаборони сафорати Русия дар Димишқ бояд аз тарафи ҳамаи касоне, ки амалан бо терроризм мубориза мекунанд маҳкум шавад.