Ҳания: Ваҳшигарии нави ишғолгарон бо чароғи сабзи Вашингн анҷом мешавад
(last modified Sat, 04 Nov 2023 06:52:22 GMT )
Ноябр 04, 2023 11:52 Asia/Dushanbe
  • Ҳания: Ваҳшигарии нави ишғолгарон бо чароғи сабзи Вашингн анҷом мешавад

Исмоил Ҳания-раиси дафтари сиёсии ҷунбиши Ҳамос ҷумъашаб гуфт: Ваҳшигарии нави ишғолгарон ҳамзамон бо сафари Энтони Блинкен-вазири хориҷаи Амрико ба минтақа нишон медиҳад, ки ин даст ҳамалот бо чароғи сабз ва пӯшиши Вашингтон анҷом мешавад.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Исмоил Ҳания аз миллатҳои араб ва исломӣ ва озодагони ҷаҳон хост, ки ба ибрози хашм худ нисбат ба ин хунрезиҳо дар баробари саҳюнистҳо ва муттаҳидонашон идома диҳанд ва хостори мавзеъгирии арабӣ, исломӣ ва байналмиллалӣ шаванд, ки ишғолгаронро маҷбӯр ба таваққуфи ҷиноёт кунад.

 Вай афзуд: Мо аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳам мехоҳем, ки масъулияти инсонӣ, ахлоқӣ ва сиёсии худро барои поён додан ба ҷиноёти ҷангии режим ишғолгар ва бардоштани ҳимояти сиёсӣ, қонунӣ ва расонаӣ аз ин режим ва иҷрои қатъномаҳои Созмони Миллали Муттаҳид барои таваққуфи наслкушӣ, ки алайҳи мардуми мо дар Ғазза ба роҳ андохтааст, ба ӯҳда бигирад.

 Раиси Ҳамос аз давлати Миср хост, ки гузаргоҳи Рафаҳро комилан бозгушоӣ ва аз мавонеъи фарорӯи он убур кунад.

Ҳания ҳамчунин дар вокуниш ба куштори маҷрӯҳони Фаластини дар вурудии бемористони Шифои Ғазза афзуд: Ҳамалоти ҳадафманд ва созмонёфта ба бемористонҳо баёнгари бунбасте аст, ки ишғолгарон ва неруҳои заминиаш дар он қарор доранд ва ҳамчунин натиҷаи зарбаҳои сахти муқовимат аст.

Расонаҳои Фаластин эълом карданд, ки ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ асри рӯзи ҷумъа дарвозаи вурудии бемористони Шифо дар Ғаззаро бомбаборон кард, ки ин иқдом 60 шаҳид ва захмӣ барҷой гузошт.

Вазорати беҳдошти Ғазза асри ҷумъа эълом кард: Теъдоди шаҳидони амалиёти режими саҳюнистӣ дар Ғазза ба 9 ҳазору  227 нафар расидааст.