Ноябр 23, 2023 18:50 Asia/Dushanbe
  • Қатар: Замони иҷрои оташбас дар чанд соати оянда эълом хоҳад шуд

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Қатар эълом кард, замони иҷрои оташбас дар чанд соати оянда эълом хоҳад шуд.

Ба гузориши шабакаи Алҷазира, Моҷид Алансорӣ-сухангӯи Вазорати хориҷаи Қатар рӯзи панҷшанбе гуфт, замони лозимулиҷро шудани оташбаси муваққати башардӯстона дар навори Ғазза, ки мунҷар ба мубодилаи асирон хоҳад шуд, дар чанд соати оянда эълом хоҳад шуд.

 Алансорӣ аз тадовуми музокирот дар бораи ҷузъиёти тарҳи иҷрои тавофуқи оташбаси муваққат миёни Ҳамос ва режими саҳюнистӣ хабар дод ва ин равандро бисёр мусбат арзёбӣ кард.

 Тоҳир Алноно-мушовири раиси дафтари сиёсии Ҳамос гуфт: Қатар ва Амрико зомини иҷрои оташбас ҳастанд ва ҳамакнун кор дар марҳилаи табодули феҳристи асирон ва баррасии он ҷараён дорад.

Ба гузориши Алмаёдин, ташкилоти мавсум ба вазорати додгустарии режими саҳюнистӣ феҳристи номи 300 асири фаластиниро, ки қарор аст дар чорчуби тавофуқи оташбас дар навори Ғазза аз зиндонҳои ин режим озод шаванд, эълом кард.

 Бар асоси гузориши расонаҳои режими саҳюнистӣ аз ин 300 асир, то 150 асир дар қолаби тавофуқи оташбаси чаҳоррӯза озод хоҳанд шуд.

 

Барчасп