Январ 01, 2017 14:59 Asia/Dushanbe
  • Ҳалокати беш аз 200 узви ДИИШ дар Мӯсили Ироқ

Дар идомаи амалиёти озодсозии Мӯсил Ироқ аз ишғоли ДИИШ, 200 терорист ба ҳалокат расиданд ва манотиқе дигар аз ин шаҳр озод шуд.

Ба гузориши Пресс тв, Абдуламир Рашид Ёруллоҳ, фармондеҳи амалиёти устони Найнавои Ироқ, гуфт, водиҳе аз артиши Ироқ рустои ал Аркӯб дар шимоли Мӯсилро аз ишғоли ДИИШ озод кард ва парчами Ироқро барфарози биноҳои он барафрошт.

Вазорати дифоъи Ироқ низ эълом кард, ду худрави бомбгузори шуда ва ду хумпора андоз мутааллиқ ба террористҳо дар ин русто мунҳадим шуданд ва дастикам 55 терорист низ кушта шуданд.

Ҳамчунин нерӯии пулиси федерали Ироқ, дар меҳвари ҷанубии соҳили ғарби Мӯсил ҳафт худрави бомбгузоришударо мунҳадим карданд ва 86 тан дииширо ба ҳалокат расонданд.

Пеш аз ин низ дар ҳамин минтақа, 28 тан аз аносури такфирӣ кушта шуда буданд.

Дар даргириҳои нерӯҳои артиши Ироқ бо аносури такфирӣ, ки бо ҳамалоти ҳавоии ҷангандаҳои эътилоф зидди ДИИШ ҳамроҳ буд, 45 тан аз террористҳо ба ҳалокат расиданд.

Амалиёти озодсозии Мӯсил, маркази устони Найнаво 17 октябри 2016 бо ширкати даҳҳо ҳазор тан аз неруҳои артиш ва пулиси Ироқ ва бо ҳамроҳии нерӯҳои басиҷи мардумӣ ва пешмарги курд, оғоз шудааст.

 

Барчасп