Тафсир. Маҳкумияти ҷаҳонии ветои қатъномаи оташбас дар Ғазза аз сӯи Амрико
Иқдоми ғайрибашарӣ ва ҷинояткоронаи Амрико дар ветои қатъномаи оташбас дар Ғазза дар Шӯрои амнияти Созмони Милал бо маҳкумияти ҷаҳонӣ рӯ ба рӯ шудааст.
Анвар Иброҳим, нахуствазири Малайзия аз рӯйкарди Амрико, ки ҳанӯз аз куштори бидуни маҳдудияти кӯдакон дар Ғазза дифоъ мекунад, ба шиддат ибрози таассуф ва онро маҳкум кард.
Нахуствазири Малайзия таъкид кард, тамоми ҷаҳон иқдомҳои Исроилро маҳкум кардааст ва алайҳи онҳо эътироз мекунад ва ман ҳамчунон ба рӯйкарди Амрико, ки ба ҳуқуқи башар бетавваҷуҳ аст, эътироз дорам ва аз он нороҳат ҳастам.
Малайзия яке аз муҳимтарин кишварҳои исломӣ аст, ки ҳамвора аз мардуми Фаластин ва аҳдофу ормони онҳо ҳимоят кардааст. Қатъномаи Шӯрои амнияти Созмони Милал, ки аз сӯи кишварҳои арабиву исломӣ ироа шуда буд, оташбаси башардӯстонаи фаврӣ дар Ғаззаро хостор буд, аммо рӯзи ҷумъа аз сӯи Амрико вето шуд. Ин қатънома, ки пешнависи он тавассути Иморот ироа шуду мавриди ҳимояти беш аз 100 кишвар қарор гирифт, ҳимояти 13 узв аз 15 узви Шӯрои амниятро ҷалб карда буд. Аммо Амрико дар ҳимоят аз ҷиноёти саҳюнистҳо онро вето кард то ҳамалоти Исроил ба Ғазза идома дошта бошад.
Аз ин рӯ Анвар Иброҳим дар вокуниш ба ин иқдоми Амрико эълом кард, тамоюл дорам ба ниёбат аз давлати Малайзия қавиян тасмими Амрико дар Шӯрои амнияти Созмони Милал барои мухолифат бо оташбас дар Ғаззаро маҳкум ва ба он эътироз кунам.
Дар ин ҳол давлати Покистон низ бо интишори баёнияе эълом кард, амиқан аз ин ки Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид ба далели ветои Амрико бори дигар хостори оташбас дар Ғазза нашуда, ноумед аст ва ин иқдоми Вашингтонро маҳкум мекунад. Дар ин ҳол аҳзоби мазҳабии Покистон низ бо ташкили ҷаласае зимни ҳимоят аз мардуми Фаластин иқдоми Амрико дар ветои қатъномаи оташбас дар Шӯрои амниятро маҳкум карданд.
Муртазо Ҳайдар, коршиноси масоили сиёсӣ дар ин бора мегӯяд, ҳимояти Амрико аз идомаи ҷиноёти саҳюнистҳо дар Ғазза мавзӯи тозае нест ва дар воқеъ дар беш аз ҳафт даҳаи гузашта саҳюнистҳо бо ҳимоятҳои Амрико ба ҷиноёти худ идома додаанд ва он чӣ дар шароити кунунӣ муҳим аст, ин ки Амрико дар баробари ҷаҳониён истодааст, ки хостори поёни ҷиноёти Исроил дар Ғазза ҳастанд.
Бар асари ҳамалоти саҳюнистҳо ба Ғазза, ки ҳамчунон идома дорад, беш аз ҳафдаҳ ҳазору ҳафтсад нафар ба шаҳодат расидаанд ва ин ҳамалот таҳти ҳимоятҳои Амрико ҳамчунон идома дорад. Аз ин рӯ, Раҷаб Тайиб Эрдуғон, нахуствазири Туркия низ зимни интиқод аз ветои қатъномаи оташбас аз сӯи Амрико дар Шӯрои амнияти Созмони Милал эълом кард, ки ин шӯро дар тарафи Исроил қарор гирифтааст. Дар ин ҳол Ташкилоти худгардони Фаластин ҳам Амрикоро шарики ҷиноёти саҳюнистҳо дар Ғазза донист. Гуруҳи Толибон дар Афғонистон ҳам идомаи ҳимояти Амрико аз саҳюнистҳо дар куштори мардуми бедифои Ғаззаро маҳкум кард.
Ҷо Байден, раиси ҷумҳурии Амрико, ки пас аз амалиёти “Тӯфоналақсо” ба Фаластини ишғолӣ сафар кард, нишон дод, ки ҳозир аст ҳамаҷониба аз мавҷудияти режими ишғолгару хуношом ҳимоят кунад ва бо ирсоли анвои силоҳу муҳимот ва ба даст гирифтани фармондеҳии ҷанг нишон дод, ки дар майдон дар канори Исроил аст ва аз назари сиёсӣ низ чандин бор қатъномаҳои Шӯрои амнияти Созмони Милалро вето кард то фурсати лозимро барои касби кучактарин муваффақияти режими саҳюнистӣ фароҳам кунад, ки ин режим аз дастёбӣ ба ҳар муваффақияте дар Ғазза ноком мондааст.
Сурӯши Амирӣ, коршиноси масоили сиёсӣ дар ин бора мегӯяд: Ветои Амрико дар Шӯрои амният як даҳанкаҷӣ ба афкори умумии ҷаҳонӣ аст, ки қотеона хоҳони барқарории оташбас ва поёни ҷиноёти саҳюнистҳо дар Ғазза ҳастанд. Талоши Амрико дар фурсатсозӣ барои саҳюнистҳо ҷиҳати касби пирӯзӣ дар баробари иродаи оҳанини мардуми Ғазза натавонист ба ин режим кумак кунад ва аз ин рӯ Амрико ошкоро худро шарики ҷиноёти саҳюнистҳо дар Ғазза кардааст.
Вазири умури хориҷаи Ҳинд бо вуҷуди ин ки ин кишвар дар баробари ҷиноёти саҳюнистҳо дар Ғазза сукути маънодорнро пеша кардааст, дар гуфтугӯ бо нахуствазири Ташкилоти худгардони Фаластин, аз мардуми Фаластин ҳимоят кард.
Ин мавзеи Деҳлии Нав талош барои наҷоти худ аз иттиҳомоти густардае талаққӣ мешавад, ки дар ҳимоят аз ҷиноёти саҳюнистҳо дар Ғазза зидди Ҳинд матраҳ аст. Зеро пештар давлати Ҳинд дар чорчӯби ҳимоят аз ормони Фаластин ҷиноёти саҳюнистҳо зидди мардуми Фаластинро маҳкум мекард, аммо бо сукут дар баробари ҷиноёти саҳюнистҳо дар Ғазза амалан дар тарафи ин режим истод, ки бо интиқодҳои дохиливу минтақаии густардае мувоҷеҳ шуд. Зеро интизорот аз Ҳинд бисёр бештар аз сукут ё ҳимоятҳои лафзӣ аз мардуми Фаластин аст. Ба хусус ин ки Амрико бо ҳимояти ҳамаҷониба аз режими саҳюнистӣ боис шудааст ин режим ба ҷиноёти худ дар Ғазза идома диҳад. Аз ин рӯ кишварҳои муҳиму таъсиргузор бар таҳаввулоти ҷаҳонӣ, аз ҷумла Чину Ҳинд бо масъулияти сангини байналмилалӣ барои таваққуфи ҷиноёти саҳюнистҳо дар Ғазза рӯ ба рӯ ҳастанд.
Бештар бихонед:
- Милали озодаи ҷаҳон аз инфиъоли ниҳодҳои байналмилалӣ дар муқобили ҷиноёти Исроил ба сутуҳ омадаанд
- Вокуниши раисҷумҳури Эрон ба ветои қатъномаи оташбас дар борикаи Ғазза