Ҳузури мақомоти низомии Сурия дар маросими ёдбуди шаҳодати генерал Сайидразии МУсавӣ
(last modified Tue, 26 Dec 2023 14:06:20 GMT )
Декабр 26, 2023 19:06 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури мақомоти низомии Сурия дар маросими ёдбуди шаҳодати генерал Сайидразии МУсавӣ
    Ҳузури мақомоти низомии Сурия дар маросими ёдбуди шаҳодати генерал Сайидразии МУсавӣ

Мақомоти низомии Сурия дар маросими ёдбуди шаҳодати генерал Сайидразии Мусавӣ дар сифорати Эрон дар димишқ ҳозир шуданд .

Мақомоти низомии Сурия имруз  сешанбе дар маросими ёдбуди шаҳодати генерал Сайидразии Мусавӣ дар маҳали сифорати Эрон дар Димишқ ҳозир шуданд.

Ин маросими тайи имрузу фардо чаҳоршанбе дар маҳали сифорати Эрон дар Димишқ барқарор аст.

Генерал Сайидразии Мусавӣ даркинории размандагони муқовимат фаъолият мекард ва ба унвони яке аз шуҳадои Туфони алақсо низ шинохта мешавад .

Image Caption

Генерал Сайиди разии Мусавӣ аз мусташорони неруии қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ки дар бахши пуштибонӣ аз меҳвари муқовимат дар Сурия фаъолият дошт дар ҷараёни ҳамлаи рузи душанбеи режими саҳюнистӣ ба минтақаи Зайнабияи Димишқ ба дараҷаи рафиъи шаҳодат ноил омад.

Генерал Мусавии маъруф ба Сайидрази аз мусташорони қадимии неруии қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва аз ҷумлаи размандагони даврони дифои муқаддас ва сардори диловари сипоҳ буд ки дар бисёре аз амалиёт дар канори размандагон дар муқобили режими баъсии Ироқ истодагӣ кард.