Декабр 28, 2023 10:34 Asia/Dushanbe
  • Тадовуми ҳамла ба пойгоҳи низомиёни амрикоӣ дар Ироқ
    Тадовуми ҳамла ба пойгоҳи низомиёни амрикоӣ дар Ироқ

Дар идомаи ҳамалот ба пойгоҳи низомиёни амрикоӣ дар Ироқ ، пойгоҳи ин низомиёни воқеъ дар муҷовирати фурудгоҳи Арбили Ироқ шомгоҳи чаҳоршанбе ҳадафи ҳамлаи паҳподӣ қарор гирифт.

Ба гузориши Ирно ,муқовимати исломии Ироқ дар баёнияе эълом кард дар идомаи муқовимати мо баробари неруҳои амрикоии мустақар дар минтақа ва дар посӯх ба ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар Ғазза ، муҷоҳидони муқовимати исломии пойгоҳи Амрико дар муҷовирати фурудгоҳи Арбилро ҳадафи ҳамлаи паҳподӣ қарор доданд .

Муқовимати исломии Ироқ душанбе шаб низ эълом карда буд ки пойгоҳи ишғолгарони Амрико дар минтақаи Ҳарир дар устони Арбил воқеъ дар шимоли ин кишварро бо паҳпод ҳадаф қарор додааст .

Дар рӯзҳои гузашта низ пойгоҳҳои низомии Амрико дар Ироқу Сурия дар чандини навбат ҳадафи ҳамалоти паҳподӣ ، ракетӣ ва  мушакии муқовимати исломии Ироқ қарор гирифтаанд .

Муқовимати исломии Ироқ ба дунболи ҷиноёт ва  ҳамалоти ваҳшиёнаи режими Исроил алайҳи мардуми мазлӯми Фаластин ба вижаи Ғазза ва  ҳимояти Вашингтон аз ин ҳамалот ба Амрико ҳушдор дода буд,ки пойгоҳҳои он кишвар дар минтақаро мавриди ҳадаф қарор хоҳад дод .

Барчасп