Декабр 30, 2023 10:27 Asia/Dushanbe
  • Идомаи ҳамлаҳои муқовимати исломии Ироқ ба пойгоҳҳои низомиёни Амрико

Дар идомаи ҳамлаҳои муқовамати исломии Ироқ ба пойгоҳҳои низомиён Амрико, манобеъи хабарӣ ҷумъашаб аз ҳамлаи мушакӣ ба пойгоҳҳои ин низомиён дар шарқи Сурия ва шимоли Ироқ хабар доданд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, гурӯҳи Муқовимати исломии Ироқ эълом кард, неруҳои ин гурӯҳ пойгоҳи низомиёни Амрико дар шаҳри ал-Шудод, воқеъ дар ҷануби ал-Ҳасакаро ҳадафи ҳамалоти мушакӣ қарор доданд.

 Пештар низ Муқовимати исломии Ироқ эълом карда буд, ки пойгоҳи амрикоии «Хароб ал-Ҷир» дар Сурияро ҳадафи ҳамалоти мушакӣ қарор додааст.

 Ҳамчунин гурӯҳи Муқовимати исломии Ироқ эълом кард, дар посух ба ҷиноёти режими саҳюнистӣ алайҳи мардуми Ғазза, муҷоҳидони ин гурӯҳ шомгоҳи ҷумъа ҳамлаи паҳподиро алайҳи пойгоҳи ишғолии Ҳарир дар Арбил, воқеъ дар шимоли Ироқ анҷом доданд.

 Канали телеграмии Собирин ниюс эълом кард, мақари иттилооти низомии Амрико дар пойгоҳи Ҳарир ҳадафи ҳамла қарор гирифтааст.

 Дар рӯзҳои гузашта низ пойгоҳҳои низомии Амрико дар Ироқ ва Сурия дар чандин навбат ҳадафи ҳамалоти паҳподӣ, ракетӣ ва мушакии Муқовимати исломии Ироқ қарор гирифтаанд.

 Муқовимати исломии Ироқ ба думболи ҷиноёт ва ҳамалоти ваҳшёнаи режими Исроил алайҳи мардуми мазлуми Фаластин ба вежа Ғазза ва ҳимояти Вашингтон аз ин ҳамалот ба Амрико ҳушдор дода буд, ки пойгоҳҳои он кишвар дар минтақаро мавриди ҳадаф қарор хоҳад дод.

 

Барчасп