Январ 01, 2024 10:52 Asia/Dushanbe
  • Ақаб нишинии нерӯҳои режими саҳюнистӣ аз Ғазза
    Ақаб нишинии нерӯҳои режими саҳюнистӣ аз Ғазза

Пас аз муваффақиятҳои нерӯҳои муқовимати Фаластин дар баробари саҳюнистҳо дар ҷанги заминии Ғазза ، артиши ин режим ، 5 тип аз нерӯҳои худро аз ин минтақа хориҷ мекунад.

Ба гузориши Ирно, торнамои воллои режими саҳюнистӣ гузориш дод,  артиш тасмим гирифта аст типҳои эҳтиёти 551 ва 14 ва се типи омӯзиширо аз Ғазза хориҷ кунад .

Бар асоси ин гузориш ، ин тасмим бинобар арзёбии шароиту таҳаввулоти набард дар Ғазза гирифта шудааст ва интизор меравад ҳафтаи оянда низ нерӯҳои дигаре аз Ғазза хориҷ шаванд .

Ин дар ҳоле аст, ки пештар низ гардони 13 типи Гулани ба далели талафоту хисоратҳои сангин ва аз даст додани шуморе аз фармондеҳон майдонӣ худ хоки Ғаззаро тарк карда буд .

Манобеи хабарии фаластинӣ ва  исроилӣ якшанбеи гузашта низ хабар доданд, ки артиши режими саҳюнистӣ аз шаҳр « Беит  Ҳаноҳун » дар шимоли Навори Ғазза ақаб нишинӣ кардааст .

Рӯзномаи исроилӣ Ҳайюм ба нақл аз як масъули амниятӣ хабар дод ки иллати коҳиши доманаи ҳамалоти ҳавоӣ ба Ғазза ، фишорҳои Вашингтон нест ، балки « тарс аз осеб расидан ба сарбозон ва гаравгонҳо дар Навори Ғазза » омили ин масаъла ба шумор меравад.

Бархе коршиносони низомӣ пештар дар бораи бенатиҷа будани ҳамлаи низомӣ дар Ғазза ба Тел-Авив ҳушдор дода буданд.