Январ 03, 2017 12:45 Asia/Dushanbe
  • Амалиёти номуваффақи полиси Туркия барои боздошти омили ҳамлаи террористии Истанбул

Амалиёти полиси Туркия барои ёфтани омилони ҳамлаи террористӣ дар Истанбул бенатиҷа монд.

Ба гузориши ОИР Новости, амалиёти рӯзи душанбеи полиси Туркия дар Истанбул барои пайдо кардани омил ё омилони ҳамлаи террористии клуби “Reina” дар Истанбул бенатиҷа поён ёфт.

Дар айни ҳол манобеи хабарии Туркия аз боздошти ҳамсару ду фарзанди омили ҳамлаи террористии ахири Истанбул хабар доданд.

Рӯзномаи “Миллият”, чопи Туркия навишт, омили ҳамлаи террористии шаби соли нави мелодӣ дар Истанбул, моҳи ноябри соли 2016-и мелодӣ ба ҳамроҳи хонаводааш вориди шаҳри Қунияи Туркия шудааст.

Дар нахустин шаби соли нави мелодӣ фарде мусаллаҳ вориди бошгоҳи “Reina” дар Истанбул шуд ва ҷамъияти 800 нафарии ин бошгоҳро тирборон кард.

Дар ин ҳамлаи террористӣ 39 тан куштаву 69 нафар захмӣ шуданд.

ДИИШ масъуляти ин ҳамларо бар ӯҳда гирифтааст.

Расонаҳои Туркия эҳтимол додаанд, ки омили ин ҳамла аз шаҳрвандони Узбакистон, Қирғизистон ё фарде уйғуртабор бошад.