Январ 19, 2024 20:46 Asia/Dushanbe
  • Пойгоҳи низомиёни амрикоӣ дар Арбил ҳадаф қарор дода шуд
    Пойгоҳи низомиёни амрикоӣ дар Арбил ҳадаф қарор дода шуд

Неруҳои муқовимати исломии Ироқ пойгоҳи артиши Амрико дар Арбили Ироқро ҳадаф қарор доданд.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, муқовимати исломии Ироқ рӯзи ҷумъа бо судури баёнияе эълом кард, муҷоҳидини муқовимати исломӣ дар идомаи рӯйкарди муқовимат дар баробари неруҳои ишғолгари амрикоӣ дар Ироқ ва минтақа ва дар посух ба ҷиноёти режими саҳюнистӣ зидди фаластиниёни борикаи Ғазза, пойгоҳи ишғолгарони амрикоиро бо паҳпод дар наздики фурудгоҳи Арбили Ироқ ҳадаф қарор доданд.

Муқовимати исломии Ироқ бар идомаи ҳамла ба пойгоҳҳои низомиёни хориҷӣ дар Ироқ ва кишварҳои минтақа таъкид кард.

 

Барчасп