Январ 19, 2024 20:56 Asia/Dushanbe
  • Яҳё Сареъ: Посух ба ҳамалоти Амрикову Англия ҳатмӣ аст
    Яҳё Сареъ: Посух ба ҳамалоти Амрикову Англия ҳатмӣ аст

Артиши Яман дар идомаи амалиёти зидди мутаҷовизон, як киштии дигари Амрикоро ҳадаф қарор дод.

Ин дуюмин ҳамла ба киштиҳои Амрико дар наздикии халиҷи Адан дар камтар аз 24 соат гузаштааст.

Ба гузоришаши шабакаи телевизионии “Алмасира”, сартип Яҳё Сареъ, сухангӯи Неруҳои мусаллаҳи Яман имрӯз - ҷумъа дар баёнияе эълом кард, неруҳои артиши ин кишвар киштии амрикоии "Чем ранҷер” - ро дар халиҷи Адан бо мушак ҳадаф қарор доданд.

 

Сартип Яҳё Сареъ бо баёни ин ки ҳамлаи мушакӣ ба киштии амрикоӣ бо муваффақият анҷом шудааст, гуфт: Посух ба ҳамалоти Амрикову Англия ҳатмӣ аст ва ҳар гуна ҳамлаи ҷадид бидуни посух ва муҷозот нахоҳад монд.

Сухангӯи Неруҳои мусаллаҳи Яман афзуд: Неруҳои мусаллаҳи Яман бар идомаи мамнуияти дарёнавардии режими саҳюнистӣ ё киштиҳое, ки озими банодири Фаластини ишғолӣ ҳастанд то поёни таҷовузҳои ин режим ва рафъи муҳосираи борикаи Ғазза таъкид дорад.

Сартип Яҳё Сареъ ҳамчунин гуфт, ҳамлу нақл дар дарёи Сурх ба рӯйи ҳамаи киштиҳо ба ҷуз киштиҳои исроилӣ боз аст.

 

Барчасп