Идомаи таҷовузи низомии Амрико ва Англия ба Яман
Январ 27, 2024 18:55 Asia/Dushanbe
Бархе манобеъ аз ҳамлаҳои ҳавоӣ ва мушакии дубораи Амрико ва Англия ба Яман хабар доданд.
Ба гузориши ИРНА, фармондеҳии марказии Амрико (CENTCOM) рӯзи шанбе дар баёнияе иддао кард, ки ин ҳамларо ба як макони партоби мушакҳои марбут ба Давлати наҷоти миллии Яман анҷом додааст.
Тибқи иддаои ин изҳорот, нерӯҳои амрикоӣ ин мушакро барои киштиҳои тиҷоратӣ ва киштиҳои амрикоӣ дар минтақа “таҳдиди фаврӣ” медонистанд.
Дар ҳамин замина шабакаи ал-Масираи Яман эълом кард, ки Амрико ва Англия ду ҳамлаи ҳавоӣ ба бандари "Рас Исо" дар устони Ал Ҳудайдаи Яман анҷом додаанд.
Барчасп